​Конфронси илмӣ – адабӣ: “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу суботи миллӣ”

Чунин унвон дошт конфронси илмӣ-амалӣ, ки бо ибтикори кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик баргузор гардид. Конфронси мазкур ба муносибати 29-умин солгарди Иҷлосияи XVI–уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Ҳадаф аз ин ташаббус, пеш аз ҳама, гиромидошти рӯйдоди сарнавиштсози миллат ва арҷгузорӣ ба заҳмату хидматҳои Президенти мамлакат унвон мешавад.

Муҳаббат Тиллохоҷаева, декани факултети филологияи тоҷик мақсад аз ташкили конфронсро шарҳ дода, иштирокдоронро ба муносибати ин ду рӯзи ҷашнӣ табрик гуфт.

Маърӯзаи нахустин тибқи барномаи конфронс аз ҷониби мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дотсетн Комилов Каримбой дар мавзӯи “Аҳамияти таърихии Иҷлосия ва саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу суботи миллӣ” ироа гардид.

Номбурда перомуни аҳамият ва натиҷаҳои наҷиби рӯйдоди таърихӣ - Иҷлосияи XVI–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, аз саҳму нақши муассири Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳ таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Иҷлосияи сарнавиштсоз унвон намудааанд, зеро маҳз Иҷлосия дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи тозаро ифтитоҳ бахшида, сарнавишти минбаъдаи халқи тоҷикро муайян намуд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.

Дар идома перомуни мавзӯи “Нақши ВАО дар инъикоси Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ” маърӯзаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” Ҳакимова Сурайё ба самъи ҳозирин расонида шуд.

“Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ” –ро дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Шехов Абдуқодир дар доираи маърӯзаи хеш мавриди баррасӣ қарор дод.

Оид ба кори конфронс ва мавзуъҳои мавриди баррасӣ як қатор иштирокчиён ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро манзур доштанд.

Ҳамзамон, ғолибони олимпиадаи тахассусии донишҷӯёни кафедра аз ҷониби устодон қадр шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки олимпиадаи тахассусии донишҷӯён аз рӯйи се номина - “Маводи беҳтарини чопӣ дар жанрҳои журналистӣ”, “Гузориши беҳтарини телевизионӣ, радиоӣ ва мултимедиавӣ”, “Беҳтарин маводи аксӣ” гузаронида шуда, ғолибон бо Диплом ва китоб қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ