​Конфронс: Муаррифии китоби “Чеҳраҳои мондагор”

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар Китобхонаи илмии донишгоҳ таҳти унвони “Муаррифии китоби “Чеҳраҳои мондагор” конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ба конфронси мазкур донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ ва филологияи тоҷик ҷалб гардиданд.

Дар кори конфронс муовини ректор оид ба корҳои тарбия Усмонзода Аюбҷон, директори Китобхонаи илмӣ Дилбар Самадова, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдунаим Бердишукуров ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дотсент Абдунаим Бердишукуров конфронсро ифтитоҳ бахшида, ҳадафи ин ташаббусро шарҳ дод.

Гуфта шуд, ки мақсад аз конфронси мазкур муаррифии китоби “Чеҳраҳои мондагор” ва дар ин замина таҳкими ҳисси худшиносии донишҷӯён унвон мешавад.

Дар доираи кори конфронс як қатор маърӯзаҳо ироа шуданд. Аз ҷумла, омӯзгорон Қӯзиева дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ – муҳофизи миллат ва забони тоҷикӣ”, Холдоров, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода - мунодии сулҳ”,Ӯлмасова дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров – фарзанди фарзонаи миллат” ва Юсупов дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон - арбоби барҷаста ва кафили сулҳу субот” маърӯзаҳои пурмуҳтаво манзур намуданд.

Хидматҳои шоёни фарзандони фарзонаи Ватан дар меҳвари андешаву баромади маърӯзачиён қарор дошт.

Дар доираи конфронс зикр гардид, ки агар ба зиндагӣ ва фаъолияти фарзандони пуршарафи халқи тоҷик, ходими намоёни сиёсӣ ва бунёдгузори давлати тоҷикон назар афканем, дар баробари саргузашти печидаву азобу машаққат боз пур аз далерию қаҳрамонист. Ин нафарон аз мушкилиҳо наҳаросида, барои расидан ба ҳадафҳои сиёсиашон, яъне барои ташкил ва бунёди давлати миллӣ талошу ҷонбозиҳо намудаанд.

Изҳори умед шуд, ки баргузории чунин конфнеренсияҳо ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастиро дар қалби ҷавонон бедор месозад.

Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудан аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои гуногун ба роҳ монда мешаванд, ки тафсилоти онро дар гузоришҳои оянда инъикос мекунем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ