​Конференсияи илмӣ ба ифтихори 95 – солагии профессор Ғафур Ҳайдаров

Бо ибтикори садорати факултети таърих ва ҳуқуқ, Китобхонаи илмии донишгоҳ, конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Профессор Ғафур Ҳайдаров-муаррих, устоди номвар ва ифтихори донишгоҳ” бахшида ба 90-солагии донишгоҳ ва 95-солагии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ғафур Ҳайдаров баргузор гардид.

Нахуст, иштирокчиён бо осори илмии профессор Ғафур Ҳайдаров ва адабиёти доир ба рӯзгор ва мероси илмии олим бахшида шуда, ки дар китобхонаи донишгоҳ ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Иброҳим Ҷабборов дар суханронии ифтитоҳии худ оид ба саҳми бузурги профессор Ғафур Ҳайдаров дар таҳқиқу омӯзиши таърихи халқи тоҷик, хосатан таърихи даврони шӯравӣ ва истиқлолият, тарбияи ҳазорон шогирдон ва аҳамияти тарбиявии чорабинии мазкур дар амри посдории хотираи неки чунин устодон, ки ифтихори донишгоҳ мебошанд, ибрози назар намуд.

Муовини ректор оид ба тарбия – Усмонзода Аюб ба сухан баромада, аз хидматҳои муаррихи варзида, профессор Ғафур Ҳайдаров ёдовар шуд. Зикр гардид, ки профессор Ғафур Ҳайдаров нахустин доктори илмҳои таърих, нахустин профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аввалин ва ягона устоди маҳсуб меёбад, ки бо мукофоти олии даврони шӯравӣ – ордени Ленин сарфароз шудааст. Ӯ яке аз поягузорони донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар рушди илми таърихнигории тоҷик, тарбияи мутахассисони илмӣ-омӯзгории соҳибунвон, ҳазорон омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ саҳми шоиста гузоштааст.

Баъдан, Шавқат Шарипов - дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология дар мавзӯи “Инъикоси таърихи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар осори ёддоштии профессор Ғафур Ҳайдаров” маърӯза намуда, қайд намуд, ки аҳамияти осори ёддоштии олим, ки дар панҷ китоб ҷамъ оварда шудаанд ва барои омӯхтани таърихи донишгоҳ сарчашмаи нодир ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин Маҳбуба Ҷӯраева - муаллими кафедраи таърихи Ватан ва археология дар мавзӯи “Бойгонии шахсии профессор Ғафур Ҳайдаров – манбаи нодири таърихӣ” маърӯза намуд.

Дар идома доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев хотираҳои худро дар бораи хислатҳои наҷиби инсонӣ, устодии олими номвар, профессор Ғафур Ҳайдаров баён намуд.

Дотсент Дилбар Самадова - директори Китобхонаи илмии донишгоҳ, дар фарҷом доир ба аҳамияти конференсия ва нақши он дар муаррифии таърихи пуршарафи донишгоҳ ибрози назар намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ