​​Конференсияи илмӣ - анъанавии магистрантон

Конференсияи илмӣ - анъанавии магистрантони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ доир гардид. Ин иқдом ба муносибати 35 - солагиии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати рӯзи илми тоҷик ба роҳ монда шуд.

Ноибдекани факултет оид ба илм ва инноватсия Дадобоева Муҳаррам конференсияро ифтитоҳ бахшида, ба кори конференсия барор таманно намуд.

Дар доираи ин ташаббус, дар маҷмуъ, 6 маърӯза аз ҷониби магистрантон шунида шуд. Аз ҷумла, перомуни мавзуъҳои “Ташаккули қобилияти эҷодии хонандагон дар дарсҳои технология (таълими меҳнат) тавассути сохтани маснуотҳои армуғонӣ”, “Асарҳои эҷодии рассомони тоҷик чун воситаи тарбияи зебопарастӣ ва ватанпарастии хонандагон”, “Таҳқиқи услубҳои эҷодии рассомони муосири тоҷик дар аснои таълими санъати тасвирӣ”, “Ташаккули эҷодиёти хонандагон дар дарсҳои санъати тасвирӣ тавассути асарҳои модулии манзаравӣ” ва “Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар замони муосир” маърӯзаҳо ироа гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ