​Конференсияи илмӣ-адабӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ дар факултети физикаю техника конференсияи илмӣ-адабӣ доир шуд. Ин иқдом ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI ШӯроиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Дар кори конференсия ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд Самизода Мўсобек Самӣ, садорати факултет ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар доираи конференсия доир ба марҳилаҳои ташаккули донишгоҳ, заминаҳои мусоид баҳри пешрафт, нақши донишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус маърӯзаҳо шунида шуд.

Чунин чорабинӣ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ