Конференсия: Олим ва омӯзгори соҳибноми тоҷик

Таҳти ин унвон дар толори калони раёсати донишгоҳ конфронси илмӣ-амалӣбахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Неъматҷон Файзуллоев бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва олимону адибон баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз афзуд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давла­тии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст, ки дар ин боргоҳи шукӯҳманди илму маърифат яке аз чеҳраҳои тобони илму маорифи кишвар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, пажӯҳишгари соҳибноми адабиёти бачагон, доктори илми филология, профессор Неъматҷон Файзуллоев фаъолият мебарад. Сарвари донишгоҳ дар идомаи суханаш қайд намуд, ки ба қадри меҳнати ин гуна шахсиятҳои намоёни илм Ҳукумати кишвар, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мерасанд, ки ин аз муҳимтарин рукнҳо ва тадбирҳои асосии сиёсати имрӯзаи маънавиятпарвари Сарвари давлат ба шумор меравад. Пешвои миллат дар ҳар суханрониву навиштаҳояшон ба ин гуна қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса доранд, ки ин боиси ифтихори ҳар кадоми мо мебошад.


Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғафуров Мирзоғуфрон номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, иброз дошт, ки хидматҳои нимасраи профессор Неъ­матҷон Файзуллоев дар такомули илму маориф, тарбияи мутахассисон, омода намудани кадрҳои болаёқати илмиву педагогӣ, саҳми шоиста дар омӯзишу пажӯҳиши таърихи адабиёти тоҷик басо назаррас мебошад.

Сипас, Гавҳар Умарова - намояндаи МИҲД шаҳри Хуҷанд номаи табрикоти Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро ба самъи иштирокдорон расонд. Ҳамчунин намояндагон аз КИҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Суғд, дотсент Самеъзода Мӯсобек суханронӣ намуда, рӯзгори профессор Неъматҷон Файзуллоевро ҳамчун олим ва муҳаққиқи соҳибном рангин ва пурбор арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки устод Неъматҷон Файзуллоев дар илми адабиётшиносӣ, хусусан адабиёти кӯдак корҳои арзишмандеро анҷом доданд.

Дар идома тибқи барномаи конференсия Сабурӣ Хайрулло Мирзозода - муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дар мавзуи «Нигоҳе ба рӯзгор ва пайкори олим ва омӯзгори соҳибном» баромад намуда, рӯзгори профессор Неъматҷон Файзуллоев ҳамчун олим ва муҳаққиқи соҳибном рангин ва пурбор арзёбӣ намуд. Замира Ӯлмасова - мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, дар мавзӯи «Пажӯҳишгари мумтози адабиёти кӯдакону наврасон» ва Субҳони Аъзамзод дар мавзуи «Мулоҳизаҳо оид ба китоби тозанашри профессор Неъматҷон Файзуллоев» маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми конференсия барқияҳои табрикотии ба унвони чорабинии имрӯза ворид гардидаро сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ромиз Абдуллоев ироа намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ