​Конференсия: Мақоми ҷавонон дар рушди илм

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи вилоятии илмӣ-амалии магистрантон таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” бо иштироки васеи устодон ва олимони ҷавон баргузор гардид.

Сарвари донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ӣа кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои болоравии вазъи илму маориф ва расидан ба ин ҳадафҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон нақши муассир гузоштааст.

Намояндаи МИҲД вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров баромад намуда, иброз дошт, кибоиси сарфарозии ҷавонони саодатманди кишвар аст, ки имрӯз дастгирӣ ва пуштибонии ин нерӯи созанда ба яке аз самтҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубаддал гардидааст. Пешвои миллат бо ишорат ба татбиқи ин ҳадафҳои дурбинона дар Паёмашон таъкид бар он доштанд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.

Дар идома ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб зикр дошт, ки бо мақсади пешбурди раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ҳамчун маркази бонуфузи илмиву таълимӣ барои густариши рўзафзуни самтҳои мухталифи таълиму тадрис ба муваффақиятҳои беназир соҳиб гардида меояд.

Гуфта шуд, ки донишҷўёну магистрантон ва докторантону муҳаққиқони ҷавон ва донишманди ин боргоҳи маърифат аз имкониятҳои мавҷуда баҳравар гардида, метавонанд маҳсули андешаву таҳқиқоти худро барои ҷомеи мо муаррифӣ намоянд.

Сипас, докторант Зиннатҷон Бобоҷонова дар мавзуи “Тарзи тоза кардани обҳои ифлосшуда аз металҳои вазнин”, Магистрантон Ситора Ҳакимова дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу ваҳдати тоҷик”, Айёмиддин Ҷалолов дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт”, Фахриддин Умаров дар мавзуи “Муаммоҳои методологии татбиқи барномаҳои таълимии компютерӣ дар раванди таълим” ва Ҳилолахон Зикрияева дар мавзуи “Мақоми аудит дар фъолияти ташкилотҳои қарзӣ” маърӯза намуданд.

Дар интиҳо зикр гардид, ки рушди корҳои бунёдии илмӣ-тадқиқотӣ як меҳрави асосии татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонони болаёқату эҷодкор маҳсуб меёбад. Таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, стипендияҳои номии президентӣ барои аспирантон ва олимони ҷавон, баргузории конференсияҳои илмӣ-назарӣ ва илмӣ-амалӣ байни олимону муҳаққиқони ҷавон аз он дарак медиҳад, ки ин сиёсат дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ба шоистагӣ амалӣ гардида,дар ҷалби нерӯи зеҳнии ҷавонон барои анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таъсири рӯшан мегузорад ва ҷавонони моро дар масири илми муосир боз муваффақ мегардонад.

Ёдовар мешавем, ки конференсия аз рӯи 14 бахш ба кори худ идома бахшида, дар бахшҳо зиёда аз 100 маърӯза дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ, табиӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби докторантону магистрантон пешкаш карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ