​​Конференсия бо иштироки ҳайати Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон

Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳ ба муносибати ташрифи ҳайати меҳмонони эронӣ аз ҷумла, Шолуӣ Маҳмуд Абдӣ–Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон, Хусравпаноҳ Абдулҳусайн Раҷабӣ–Дабири Шӯрои Олии Инқилоби фарҳангии Эрон ва узви ҳайати мудираи Анҷумани осор ва мафихири фарҳангии Эрон, Ҳабибӣ Алиризо Муҳаммадалӣ–дастёри вижаи Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон, инчунин Абдураҳмонов Маъруф –намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Каримов Азимҷон – мудири бахши амвол ва сармоягузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Эшонзода Исроил–намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз суханварони маъруфи Хуҷанд Камоли Хуҷандӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Меҳмонони иззатмандро нахуст ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Усмонзода Аюб Ислом хайрамақдам гуфт. Мавсуф таъкид кард, ки Камоли Хуҷандӣ ҳамчун фарзанди фарзонаи шаҳри Хуҷанд ифтихори ин маркази бостонӣ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ аз нақш ва мавқеи таърихии ин шаҳри ормонӣ, яъне шаҳри бостонии Хуҷанд мулоҳизаҳои хешро доир ба он чунин баён доштаанд: “Шаҳри Хуҷанд аз дергоҳи таърих ба унвони яке аз марказҳои бузурги илму маориф ва адабиёти фарҳанг эътироф гардида, дар домони хеш шахсиятҳои барҷастаеро ба камол расонидааст. Дар ин радиф метавон аз шоир ва мутафаккири бузург Камоли Хуҷандӣ ёд намуд, ки яке аз чеҳраҳои адабии миллати тоҷик мебошад”. Мавсуф ҳамчунин ёдовар шуд, ки Камоли Хуҷандӣ аз чеҳраҳои барҷастаи пурифтихори шеъру адаби тоҷик ба ҳисоб меравад ва риштаи ҳаёташ бо шаҳри Табрез ва боду ҳавои дилпазири он пайванди ногусастанӣ ёфтааст. Аз ин ҷиҳат, бисёр рамзист, ки имрӯз симои Камоли Хуҷандӣ ба сифати чеҳраи ваҳдатофар ва пайвандгару устуворкунандаи муносиботи илмиву фарҳангӣ ва адабиву маърифатӣ табдил ёфта истодааст. Камоли Хуҷандӣ эҳёкунандаи муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва ҳамдиливу ҳамтаборӣ дар замони вусъатёбии хушунату аслситезӣ ва бунёдгароиву бунёдситезӣ ба шумор меравад. Илова бар ин, ёдовар шуд, ки мавҷудияти хонадони оли Хуҷанд дар шаҳри Исфаҳон дар асри ХII ва нақши онҳо дар ташаккули илму фарҳанг гувоҳи пайванди решаҳои амиқи дӯстиву хешутабории мо мебошад.

Ташрифи чунин чеҳраҳои илму маърифат ба шаҳри Хуҷанд идомаи чунин суннат буда, дар тӯли қарнҳо домани густарда пайдо кардааст.

Дар робита ба нашри китобҳои устодони Донишгоҳ ба хати форсӣ мулоҳизаҳои ҷолиб иброз гардиданд. Қайд гардид, ки бо хати форсӣ ба нашр расидани китобҳои ҳайати омӯзгорону профессорони Донишгоҳ, аз ҷумла китоби “Оли сомон”-и Саъдулло Абдуллоев, “Тазкираи шоирони Хуҷанд”-и Абдулманнони Насриддин, “Таърих ва фарҳанги мардуми Хуҷанд”-и Назирҷон Турсунов, “Адабиёти арабизабони тоҷик”-и Низомиддин Зоҳидӣ, “Наврӯзнома”-и Нуралӣ Нурзод ва ғайра нактаи боризи чунин робитаҳои илмӣ мебошад, ки дар ҳавзаи адабии Эрон бо ҳамин роҳ дастовардҳои илмии устодон муаррифӣ гардидааст.

Ҳузур пайдо кардани олимону донишмандони эронӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як самти дигари равобити илмиву фарҳангӣ ба ҳисоб меояд, ки дар ин раванд метавон аз донишмандон чун Нақиб Нақавӣ, Мусавии Гарморудӣ, Асадуллоҳи Воҳид, Иброҳими Ранҷбар, доктор Ҳаддодӣ, Озито Ҳамадонӣ, Саид Аҳмади Порсо ном бурд.

Ректори Донишгоҳ бо боварии комил иброз дошт, ки ин равобит барои вусъати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад ва бо чунин роҳу василаҳо дастовардҳои илмии устодону донишмандон дар ҳарду ҷониб дар ҳавзаҳои илмиву тадқиқотӣ муаррифӣ хоҳанд шуд.

Дар баробари ин, Шолуӣ Маҳмуд Абдӣ–Раиси Анҷумани осор ва мафохири Эрон, Хусравпаноҳ Абдулҳусайн Раҷабӣ–Дабири Шӯрои Олии Инқилоби фарҳангии Эрон ва узви ҳайати мудираи Анҷумани осор ва мафихири фарҳангии Эрон, Ҳабибӣ Алиризо Муҳаммадалӣ–дастёри вижаи Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон ва инчунин устодони донишгоҳ, аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ, профессор Насриддинов Фахриддин ва дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Саидов Саидумрон суханронӣ намуданд.

Дар охир ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Усмонзода Аюб Ислом “Девон”-и Камоли Хуҷандиро, ки бо эҳтимом ва тадвини профессор Фахриддин Насриддинов дар асоси 60 нусхаи хаттӣ таҳия гардидааст, ба меҳмонон тақдим намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби Шолуӣ Маҳмуд Абдӣ–Раиси Анҷумани осор ва мафохири Эрон нишони тиллоии Анҷумани осор ва мафохири Эрон ба ректори Донишгоҳ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ