​Конференсия: Баррасии муҳимтарин масъалаҳои фалсафӣ

Мувофиқи нақшаи баргузории конференсияҳо дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа конференсияи илмии устодон ва олимони ҷавон баргузор гардид. Дар конфронс устодон кафедра бо маърӯзаи хеш ширкат варзиданд. Роҳбари бахш мудири кафедра, доктори илмҳои фалсафа, профессор А.Атоев ба конфронс ҳусни оғоз бахшида, устодонро бо барномаи конфронси илмӣ шинос намуд. Дар рафти конфронсназдики 20 маърӯза бо фарогири муҳимтарин масъалаҳои фалсафӣ шунида шуд.

Устодон дар маърӯзаҳояшон самтҳои ахлоқӣ-фалсафии “Шоҳнома”, масъалаҳои методологии биология, зӯроварӣ ва масоили марбута ба он масъалаҳои оиладорӣ дар ақидаҳои мутафаккирон ва ақши сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавононро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.

Қайд гардид, ки ташкилу баргузории конференсияҳои илмӣ барои омода намудани мутахассисони ҷавон ва рушди илм мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ