​Китоб – сарчашмаи дониш

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология ба муносибати Рӯзи китоб чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он декани факултет Ҷӯраева Хайриҷон, директори Китобхонаи илмии донишгоҳ Дилбар Самадова, устодону донишҷӯёни факултет ширкат намуданд.

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Дадобоева Мавлуда иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи китоб табрик гуфта, аз ҳадаф ва мақсади чорабинӣ таъкид намуд.

Аҳамияти мутолиа, зарурияти тарғиби китоб, ҷалби донишҷӯён ба китобхона аз мавзуъҳои меҳварии чорабинӣ буд.

Профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои ҳалқӣ, дорандаи ҷоизаи Бобоҷон Ғафуров Ҳасанов Салимбой зимни суханронӣ китобҳои тозанашри худро муаррифӣ намуд.

Перомуни имконият ва шароитҳои Китобхонаи илмии донишгоҳ директори китобхона дотсент Самадова Дилбар маълумот дод.

Таъкид гардид, ки имрӯз барои таъмини дастрасии устодону донишҷӯён ба китоб тамоми шароит фароҳам аст.

Даъват ба амал оварда шуд, ки устодону донишҷӯён ба Китобхонаи илмии донишгоҳ ташриф оварда, аз имкониятҳо истифода ва ғизои маънавии худро баланд бардоранд.

Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯён дар васфи китоб шеърҳо шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ