​Қирғизҳо ба дӯстии халқи тоҷику қирғиз халал нарасонед!

Наздик 20 сол мешавад, ки ман дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бо сарҳадиву ҳамсоядорӣ бо ноҳияи Лейлаки вилояти Бонканди Ҷумҳурии Қирғизистон зиндагӣ дорам. То ҳамин рӯз бе ягон баҳси сарҳадӣ, бе муҳофизу бе сарҳадбон, бе ҷангу бе нофаҳмӣ ва риояи меъёрҳои ҳамсоядорӣ муносибат доштему оромона иқомат мекардем.

Тайи солҳои охир ваъзи ороми моро на шаҳрвандон балки кормандони қӯшунҳои сарҳадӣ ва сарбозони қирғиз ноором сохта истодаанд. Чаро? Мардуми наздисарҳадии тоҷику қирғизи ҳудуди зикргардида ҷониби Тоҷикистон ҳамеша тарафдори ҳалли масъалаҳо тавассути гуфтушунид ва бидуни низоъ буданду ҳастанд ва хоҳанд монд. Вале кормандони сохторҳои қудратии қирғиз рӯз аз рӯз беақлона ва бераҳмона амал намуда истодаанд. Бовар кунед, “қавл медиҳанд”, “дасти дӯстӣ дароз мекунанд”, “оши оштӣ мехӯранд” вале паймоншиканӣ мекунанду ба намакдон туф мекунанд. Ин танҳо мардумфиребист!...

Соли гузашта дар Моҳи Шарифи Рамазон, ки хунрезӣ ва низоъ мумкин нест, вале онҳо тир кушоданду хуни мардуми бегуноҳро рехтанд, ба ҷойи меҳрубониву хайру саховат ба мардум онҳоро гурезаву дар ба дар карданд, садҳо хонаҳоро сӯхтаву валангор намуданд, ки сарчашмаи ин ҳама кору фаъолияти бераҳмона худи кормандони мақомоти қудратии қирғизҳо буд.

Биёед ба тарозуи ақл ҳамчун инсон баркашем. Оё низоъ даркор аст? Ҷанг? ё сулҳ беҳтар аст? Пас посухи ҳар инсони соҳибмаърифат пеш аз ҳама интихоби ҳаёти ширину осоишта ва дар асоси муросову оинҳои хуби ҳамсоядорӣ зистан аст...

Пас дар хулоса, аз намояндагони мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқи ҷониби Қирғизистон ҳамчун як шаҳрванди оддии Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки ба дӯстиву рафоқати мардуми осоиштаи мо, яъне, тоҷику қирғиз рахна назананд! Меҳру муҳаббати ҳамсоядориро дар байни мо дур ё канда насозанд!

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ