​Кафедраи сиёсатшиносӣ: силсилаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчам

Бо ташаббуси кафедраи умимидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар як қатор факултетҳои донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гузаронида шуд.

Аз ҷумла, чунин чорабинӣ дар факултетҳои физика ва техника, таърих ва ҳуқуқ низ ба роҳ монда шуд.

Бино ба маълумоти Бердишукуров Абдунаим, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ мақсад аз ин ташаббусҳо арҷгузорӣ ва гиромидошти Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллист.

Дар доираи ин чорабиниҳо аз ҷониби устодони кафедра маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа шуда, донишҷӯён доир доир ба нақш ва мақоми Парчами давлатӣ саҳнаҳо ба намоиш гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ