Қадршиносии ғолибони маҳфил

Нишасти навбатии маҳфили илмию амалии кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултетҳои забонҳои шарқ ва геоэкология ва туризм доир гардид.

Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшида, аз мақсади ташкил кардани ин маҳфил ва ҳадафҳои асосии он ҳарф зад.

Тибқи муқаррароти маҳфил озмун аз рўи 3 шарт «Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ», «Истифодаи тахтаи интерактивӣ White board дар машғулиятҳои информатика» ва «Дохил намудани матн дар барномаи виросторони коркарди матнӣ» ба роҳ монда шуд.

Барои шаффоф гузаштани маҳфил аз тарафи устодони кафедра ҳайати ҳакамон иборат аз се нафар муайян шуданд.

Ҳамин тавр, сазовори ҷойи якум донишҷўи курси якуми факултети забонҳои шарқ Раҷабов Суруш, ҷойи дуюм донишҷӯи курси якуми факултети забонҳои шарқ Зоидов Фирдавсҷон ва ҷойи сеюм насиби донишҷўи курси якуми факултети геоэкология ва туризм Солиева Дилдора гардид.

Ғолибон бо ифтихорнома қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ