​Қадршиносии фаъолон ва ғолибони озмунҳо

Дар доираи чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон як қатор ғолибони озмун ва олимпиадаҳои гуногун қадр гардиданд.

Аз ҷумла, ғолибони фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2023” бо диплом ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ сарфароз гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки фестивал-озмуни “Навои ҷавонӣ” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иқдоми шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҳамасола доир гардида, ташаббуси мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда меашавад ва ҳадаф аз он дарёфт ва рушди истеъдод миёни донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, ба устодони донишгоҳ ва як гуруҳ ҷавонони фаъоли донишгоҳ, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмини рушди фаъолияти шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷониби ректори донишгоҳ ва меҳмонон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ