Кабирии хоину бадгумон

Роҳбарон ва ҷонибдорони ташкилоти экстримистӣ террористии ҳизби наҳзати ислом вақтҳои охир аз хориҷа истода дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна наворҳои сохтаро пахш мекунад, ки ин ҳама бар хилофи мардуми тоҷик буда сар то дурӯғу саф сата мебошанд. Аз ҳама дардовараш он, ки душман ва хоини миттати тоҷик худи фарзанди тоҷик аст, зодаи ҳамин сарзамин асту дар ҳаминҷо ба камол расидааст.

Аслан бигӯем, роҳбари ташкилоти экстримистӣ террористии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ дар чунин иғвову дасисабозиҳо таҷрибаи кофӣ дорад ва ҳар лаҳза, ки иттифоқ афтад аз онҳо ба нафъи худ истифода мебарад. Хиёнатҳои вай бешуморанд. Моҳи сентябри соли 2015 наҳзатиҳо хостанд хиёнат кунанд. Он нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе буд, ки бо дасти берунаомода гардида, бо дасти худиҳо бояд амалӣ мешуд. Дақиқ шуд, ки Абдуҳалим Назарзода Маъруф ба “Ҳоҷи Ҳалим” ва гурӯҳи реррористӣ бевосита аз ҷонибираиси ҲНИ идора ва роҳандозӣ карда мешуданд. Воқеаҳои солҳои 2010, 2012, 2017 ва чандин хиёнатҳои дигар, ки ба гардани Кабириву зердастонаш таълуқ доранд бисёр мебошанд.

Бояд гуфт, дини ислом пок аст. Вале Кабири барин нафарон онро олудаи хуну бадиҳо карданд. Ҳамаи мо тоҷик ва мусулмонем бо роҳи рост равонем ба касе халал намерасонем ва касеро нороҳат намекунем. Дар ин китоби муқаддас мақому эҳтиромизан модар аз ҳама боло меистад.Ҳатто дар Қуръони карим низ омадааст, ки “муъмин бародари муъмин аст” он чизе, ки ба худат раво мебири ба бародарат низ раво бин. Оддӣ карда гӯем аввал худатро зан дард накунад бад дигаронро зан. Мо чӣ гуноҳ кардем ба ту Кабирӣ ки ин қадар нисбати мо бадгӯиҳо мекуни номи миллати тоҷикро сиёҳ мекунӣ. Магар ин шармандагӣ нест. Тоҷик тоҷики дигарро бадном мекунад.

Ман ба тамами мардуми шарафманди тоқик муроҷиат намуда гуфтаниям, ки муттаҳид бошед ва баҳри ободии диёри азизамон якдилона камари ҳиммат бубуандем. Нагузорем, ки Кабирӣ барин нафарон ба пои мо хоре халанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ