​Кабирӣ - кабиртарин террористи миллат

Баромади охирини роҳбари ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар мавзӯи терроризм ва экстремизм пахш гардид, натанҳо суханроние пур аз фач буд, балки тамасхуромезу хандаовар низ. Суханронии роҳбари Паймони миллӣ бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳон собит сохт, ки замиру сиришти Муҳиддин Кабирӣ аз пасттарин хислатҳо асос ёфтааст, ки дар он на аз виҷдон бӯе ҳасту на аз имон нишоне.

Ин ки Муҳиддин Кабирии хиёнаткору хиёнатоин дар бораи терроризм ва экстремизм изҳори назар мекунад, воқеан ӯро бори дигар хандахариши тамошобинон намуд. Вақте як террорист мафҳуми ин калимаро барои ҷомеа шарҳ додан мехоҳад, ба дафтари хиёнатҳои ӯ хоинии дигаре беш мегардад. Аммо ҳеҷ ҷойи шубҳа ҳам нест, ки ин гуна афрод маънову рисолати террористонро хубтар аз дигарон медонанду мефаҳманд. Зеро кирдору рафтору гуфтори онҳо ҳамарӯза маҳз ба ҳамин терроризму экстремизм асос меёбад.

Инҷониб аз тамошои суханронии Муҳиддин Кабирӣ на танҳо тамасхур кардам, балки эҳсоси нафрату хашмам барояш беш аз пеш даҳчанд гардид. Зеро вақте як инсон бо вуҷуди иҷрои амалҳои пасттарин боз шарм накарда, дар бораи ҳамин амалҳо гӯё файласуфона сухан мекунад, аҳмақие беш нест.

Кабирӣ зимни суханронӣ навъҳои терроризмро шарҳ медиҳад, ки ҳар тамошобини ҳушманд ба хубӣ эҳсос мекунад, ки Кабирии хоин худ ба ҳар як ин намуди террор даст задаасту мисли кӯрнамак ба миллату ватани худ хиёнати нобахшиданиро анҷом додааст.

Аслан дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуда буданд, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Томирис

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ