Изҳороти устодони кафедраи таърихи умумӣ ба ҳамоиши Паймони миллии Тоҷикистон
5 сентябри соли 2021, дар шаҳри Варшава, ташкилоти дар хориҷа аз тарафи хоинони кишвар таъсисёфта, бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон”, ҳамоиш гузаронид. Навор аз ҷараёни баргузории ҳамоиши мазкур дар сомонаи интернети ҷойгир гардидааст. Дар ҷараёни ҳамоиш оид барномаи нави ин ташкилот, ки гӯё ба манфиати Тоҷикистон нигаронида шудааст, эълон гардид.
Дар ҳамоиш роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ баромад намуда, оид ба барнома маърӯза намуд. Ӯ танҳо оид ба масъалаи ислоҳоти сохти сиёсии Тоҷикистон маърӯза намуда, масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро мадди назар намуд. Инчунин дар ҳамоиш дигар роҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон – Шерзамонов Алим, Гадоев Шарофиддин, Ёқубов Илҳом, Саидов Ислом баромад намуданд. Чунончӣ, Ёқубов И. Зимни баромади худ иброз намуд, ки дар ҳолати амалӣ намудани барнома 40-50% муҳоҷирони меҳнатии кишвар ба Ватан бар мегардад. Лекин барои баргаштани ин миқдор муҳоҷирон дар барнома чигуна чораҳо пешбинӣ шудааст, сухане ҳам нашуд.
Бари дигар аз тамошои ҷараёни ҳамоиши хоинонаи мухолифони дар хориҷа қарор дошта ба хулоса меоем, ки суханронии онҳо асоси воқеи надошта, барои ангехтани зиддият ва ҷудоӣ байни ҷомеаи осоиштаи кишвар равона карда шудааст. Ҳамоиш, ки бо иштироки на беш аз 80 нафар ҷараён дошт, дар рафти он чандин тан, аз ҷумла ҳамгоми суханронии М. Кабирӣ ва дигар роҳбарони ташкилот, аз толор берун шуданд. Ин амали иштирокчиён аз он шаҳодат медиҳат, ки онҳо на бо мақсади дастгирии М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба ҳамоиш ҳозир шудаанд.
Мо, аҳли ҷомеаи кишвар, ки тарафдори сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем, кӯшишҳои ифродгароёнро маҳкум намуда, барои рушди босуботи кишвар саҳмгузор бошем.