​Изҳороти роҷеъ ба вазъи кунунии ВМКБ

Чи хеле ки ҳамагон огоҳ ҳастем, бо сабабҳои маълум санаҳои 25-28-уми ноябр якчанд нафар ҷинояткор сабабгори ноором шудани вазъи ВМКБ, аз ҷумла, шаҳри Хоруғ шуданд, ки то имрӯз мавриди нигаронии мардуми тоҷик аст. Мутаассифона дар ҳар давру замон ашхосе ба миён меоянд, ки баъд аз содир намудани кирдорҳои ҷиноӣ ва ба иштибоҳ андохтани мардум, бахусус, ҷавонон аз ҷавоб додан дар назди Қонун фирор кардан мехоҳанд. Вале бояд ҳар як шаҳрванд бидонад, ки ҳар амали ҷиноие, ки бар зидди мардум анҷом дода мешавад, ҷавобгарӣ дорад, ҷавобгарӣ дар назди Қонун ва дар назди халқ.

Тавассути матбуоту телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ ёфтем, ки масъулини мақомотҳои дахлдор барои ба эътидол омадани вазъи кунунии ВМКБ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани ҷинояткорону ҷиноятпешагон чораҳои қатъӣ андешида истодаанд. Аз ҷумла 13-уми декабр бо супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Прокурори ВМКБ Орифзода П., Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Прокурори вилоят вобаста ба воқеаҳои ба амаломада дар санаҳои 25-28-уми ноябр изҳори назар намуд ва аз пасомадҳои корҳои ҷиноии бархе аз ҷавонони шомили ин гирдиҳамоии ғайриқонунӣ сухан кард. Мавсуф зимни суханронӣ бо далелҳои қотеъ роҷеъ ба ташхисоти анҷомёфтаи судӣ ва кӯмаку ҳамкориҳои намояндагони ҷомеаи шаҳвандӣ ҷиҳати дурусту шаффоф ба роҳ мондани тафтишот ибрози андеша намуд. Воқеан намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони бофарҳанги Хоруғ дар кушодани гиреҳҳои зиёди ин рӯзҳои ноором ва ба эътидол овардани вазъи шаҳр кӯмаки назарраси холисона намуданд, ки ин нукта аз маърӯзаҳои Вазири дохилии ҶТ Раҳимзода Р.Ҳ. ва раиси кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Ятимов С.С. бештар аён буд.Ҳамзамон масъулон ба бархе суолҳое, ки азҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷавобҳои мушаххас доданд, ки ин амалалбатта омили дуруст дарк кардани моҳияти масъала ҳам аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам мардуми Хоруғшаҳр мегардад.

Чуноне ки маълум аст, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вазъи минтақаҳои Тоҷикистон орому мардум осудаҳол бошанд ва ягон нафар натавонад, ки сулҳу салоҳро халалдор созад. Вале мутассифона ягон-ягон афроде ҳам пайдо мешаванд, ки барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ва амалӣ намудани андешаву нақшаҳои касифи худ вазъро дар минтақаҳои Тоҷикистон ноором кардан мехоҳанд. Ин нафарон онҳое ҳастанд, ки манфиати шахсиро аз манфиати мардум боло мегузоранд, мардуми оддиро бо фиреб ба доми худ меоранд, амалҳои носолеҳро анҷом дода, боз мехоҳанд аз ҷазо гурезанд. Вале инсон бояд донад, ки ҳеҷ амалаш бе ҷавоб нахоҳад монд, на дар назиди Қонун на дар назди мардум. Агар инсон ҳатто бо роҳҳои гуногун кӯшиши гурехтан аз ҷавобгариро ҷустуҷӯ кунад ва ё воқеан фирор кунад, аз дуои бади халқ наметавон гурехт. Аз ин рӯ, ҳар нафар пеш аз амал намудан, аввал андеша бояд кунад, оқибати кори худро дар мизони ақл бисанҷад. Ба мардум, ба халқ, ба ҳаммилатони худ хиёнат кардан ин гуноҳ аст, аз гуноҳҳои кабира!

Мо боварӣ дорем, ки аз амалҳои ноҷавонмардонаи бархе аз хиёнаткорони Ватан, ҷавонони дигар ибрат мегиранд ва ҳаргиз ба амалҳои носолеҳу ғайриқонунӣ даст намезананд. Беҳтарин кор барои ҳар яки мо такмили донишу маҳорат, ҳунару истеъдод ва фаъолияти босамар аст. Аз ин рӯ, хондану омӯхтан, пос доштани муқаддасоти Ватан ва кӯшиш намудан барои ободии диёрро беҳтарин ва муқаддастарин амали ҷавонон медонем ва ҳама гуна ашхосеро, ки оромии Тоҷикистони азизамонро халалдор менамоянд маҳкум мекунем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ