​Изҳорот: Талоши ғайриоқилона ва кӯшиши муғризона....

Тазоҳуроти ҳафтаи охир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таҳти сарварии саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич зиндаги осоиштаи мардумро халалдор намуда,талоши ғайри окилона ва кўшиши муғризонаи дигар бораи ба бадхоҳони миллат бо мақсади табаддулоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Мутаассифона, маҳз ҳамингуна ашхос бо таҳрики баъзе манфиатҷӯёни минтақавӣ, ки симои ботилашон шинос аст, сару садо баланд кардаанд ва ба ин васила нохудогоҳона коркардаанд, ки луъбатакони саҳнаи театри сиёсии будани хоҷагонашонро нишон доданд.

Бархе аз ҷонибдорону пайравони террористон даргузашти як террорист, ҷинояткор ва хиёнаткорро гӯё ба шаҳодат расидани ӯ унвон медиҳанд, комилан ғалат аст. Зеро хоини миллат ва афроди хиёнатпеша дар ягон ҳолат шаҳид намешаванд.

То ҷое медонам ба шаҳодат нафаре мерасад, ки марзу буми кишварашро аз душманону хиёнаткорон эмин нигоҳ медорад. Шабу рӯз баҳри сулҳу суботи Ватан заҳмату талош меварзад.

Аммо Мамадбоқир ба мисли Абдуҳалим Назаразода, ки 7 сол пеш барои ноором сохтаи кишвари осоишта буд, як ҷинояткор унвон гирифт, ки ба гирдоби хиёнату ҷинояти хеш ҷавононро шомил намуда, сабабгори марги чандин нафар мардуми бегуноҳ ва бахусус ҷавонон гардида буд.

Магар ин қазия террористиву экстремистӣ набуд? Агар террористӣ набуд, пас ин муборизаи рӯирости мусаллаҳонаи хиёнаткоронаро, ки ба хотири барандозии давлати конститутсионии мо роҳандозӣ шуда буд, чӣ метавон номид? Ҷонибдорони Муҳаммадбоқир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма садо баланд доранд. Ингуна мавқеъгирии онҳо бесабаб нест, зеро онҳо худ ҷонибдории сарсахти чунин табаддулоту ҷанг алайҳи давлати қонунии дунявӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Маҳз аз ин рӯ онҳо намехоҳанд ин гуна аъмоли ифротгароёнаро террористӣ унвон диҳанд, аммо аз сӯи дигар ба хотири паноҳ доштани иртиботи худ бо ин амали хиёнаткорона ҳаргиз ҳозир нестанд, ки онро як амали боис таҷил ва диҳанд.

Муҳаммадбоқир тайи солҳои охир бо аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом ҳамкории зич дошта, бо маслиҳати ҳамешагии аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии паймони миллӣ Алим Шерзамонов танҳо ба нооромсозии авзои ҷомеа бахусус мардуми осоиштаи вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон кӯшиш мекард.

ШАҲРЗОДИ БАҲОР

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ