​Изҳорот: Мо ҷонибдори сулҳи Афғонистон

Рӯзи 22 июли соли 2021 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд, ки «Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар, пайрави арзишҳои демократӣ ва ҳамгироӣ шинохта шудааст. Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Шарвандони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар робита ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Ҷумҳурии Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд.

Аз ин рӯ, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳар чи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бодарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Миллали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем».

Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Шаҳрзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ