Ҳизби хиёнаткору хонасӯз

Ҳизби наҳзати ислом яке аз раияҳои куҳантарини террористию экстремистӣ буда, бо усули ором-ором ва зери шиори демократия аз хориҷа ақидаҳои ифродиашро барои вайрон кардани сохти давлатдории мо тоҷикон равона сохта истодааст.

ТЭТ ҲНИ баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳо 1997-2015 аз ин шеваҳои ихвонӣ кор гирифта, сараввал сарони ин ҳизб марказҳои тиҷоратии мухталиф таъсис доданд ва шаклҳои гуногуни тиҷоратро, аз ҷумла бо роҳи ҷамъоварии эҳсону хайрия, баъдан бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтани фазои иттиллотӣ корҳои оддитарини хешро мавриди таблиғ қарор доданд. Шиорҳои озодӣ, демократия, баробарӣ ва озодии матбуотро ба миён гузоштанд, ки ингуна шиорҳо дар воқеияти исломи сиёсӣ татбиқ нашавандаанд.

ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмиашон чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни ҳол низ сарони дар пайгарди қонун қарор доштаи ин ҳизби мамнуъи террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилат фурӯшиву демогогия ва бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машғул шуда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмиллалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд.

ТЭТ ҲНИ ва аъзоёнаш ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ифротгароӣ ва паҳнкардани ахбори иғвоангезона, ташкил ва ширкат дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бароҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ, муттаҳам шуданд ва аз ҷониби додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ эълон карда шуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Вале то ҳол ин муттаҳамон дар хориҷа қарор доранду неши заҳролуди худро ба пои миллати тоҷик мезананд.

Диданд, ки иғвоҳояшон ба кор наомад, ҷанги Украинаву Русияро мисол оварда, мехоҳанд, ки Тоҷикистонро низ ба чунин ҳол гирифтор кунанд. Ин бераҳмон фақат фоидаи худро мегӯянду дагаронро дар азоб мемонаду худашон аз хориҷа истода тамошо мекунанд. Ин бераҳмон дар хориҷа ҳастанду барои пулҳои ҳароми хоҷагони хориҷӣ ватанфурӯши доранд.

Бояд гуфт, ки байни Украина ва Русия ҷанг нест, балки Руссия ба мисли Кабири барин нохалафонашро, ки ба сари мардумаш шиканҷаҳои бисёрро оварду онҳоро азоб медод ва барои тафаккури русиашон онҳоро сарзаниш мекард тоза карда истодааст. Яъне аз (шакалҳо) ба қавли шодравон Жириновский, ки дар вақти Ҷанги Бузурги Ватани шакалҳои Украинаги сирру асрори Иттиҳоди Шуравиро ба онҳо фурухта буд, тоза карда истодааст.

Хуласи гап он аст, ки мо тоҷикон озод ҳастем ва ба маслиҳату роҳнамоии ту барин муттаҳам муҳтоҷ нестем!!!

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ