​Иштироки донишҷӯён дар конфронси илмӣ

Дар факултети математика конференсияи илмӣ - анъанавии устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён, ки дар доираи ҳафтаи илм ба роҳ монда шуд, дар сатҳи шоиста сурат гирифт.

Бахшҳои конфронс дар кафедраҳои алгебра ва геометрия, методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ, информатика ва математикаи ҳисоббарор, анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов ва математикаи олӣ ва амалӣ ҷараён гирифт.

Дар доираи кори конфронс дар тамоми бахшҳо аз ҷониби устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён маърӯзаҳо шунида шуданд.

Бо муҳокима ва табодули афкор миёни иштирокчиён аз ҳар як бахши конфронс натиҷагирӣ шуда, беҳтаринҳо муайян шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ