Истиқбол аз Наврӯз

Дар факултети филологияи рус низ аз Наврӯзи байналмилал мутантан таҷлил карданд. Баин муносибат дар толори факултет чорабинӣ доир гардид, ки дар он намоянда аз консулгарии Федератсияи Русия - Лаззат Эдже ва масъулини Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур аз раёсати донишгоҳ мудири шуъбаи тарбия Шомирзоев Бахтиёр, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мирсаминова Гузал ва муовини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Сатторова Замира ширкат доштанд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи факултет бо навои карнаю доира пешвоз гирифтанд. Хаймаи Наврӯзӣ ташкил шуда, ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ҷашнӣ дар мисоли ҳафт син ва ҳафт шин ба намоиш гузошта шуд, ки мақбули меҳмонон гардид.

Дар идома аз ҷониби донишҷуёни факултет барномаи фарҳангӣ манзур гардид. Иштироки сарояндагони машҳури эстрадаи вилоят ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ