​Истиқбол аз барандагони Ҷоми Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол

Дар идомаи қабули ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом аъзои дастаи волейболбозони донишгоҳро, ки Ҷоми спартакиадаи ҷумҳуриявиро ба даст оварданд, истиқбол намуд.

Дастаи волейболбоздухтарони донишгоҳ дар даври ниҳоии Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ маҳорати баланд нишон дода, сазовори Ҷоми мусобиқа гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки ин дастовард ба дастаи донишгоҳ дар натиҷаи шикаст додани дастаҳои Хатлон-2, Хатлон-1, Душанбе – 2 ва ВМКБ насиб гардид.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки варзиш кафили солимӣ ва таъмини устувории ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ин соҳа дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Гуфта шуд, ки Ҷоми Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол барои ҷомеаи меҳнатӣ ба муносибати 90-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров туҳфаи арзанда маҳсуб меёбад.

Профессор Аюб Усмонзода барои аъзои даста ҷиҳати нишон додани маҳорати баланд ва ҳифзи шарафи донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, дар роҳи расидан ба музаффариятҳои боз ҳам арзандатар ба варзишгарон комёбиҳои шоиста таманно намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ