​Истифодаи тахтаи интерактивӣ дар машғулиятҳои омӯзгорон

Бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ҳафтаи илми тоҷик бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика семинариилмӣ – намунавӣ баргузор гардид.

Мавзӯи семинар “Омӯзиши роҳҳои истифодабарии тахтаи интерактивӣ дар машғулиятҳои омӯзгорон” унвон дошт ва дар факултети биология ва химия доир шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кори семинар аз раёсати донишгоҳ сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ Раҳимов Ҷамшед ва муовини мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Сатторова Замира иштирок карданд.

Мудири кафедра Ҳусейнбой Аҳмедов зикр намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбари олии мамлакат бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи ҷавонони ояндасоз, ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон, мутобиқати мазмуни таҳсилот ба шароити муосир дар донишгоҳ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Гуфта шуд, ки ташкили чунин семинар аз зумраи тадбирҳои донишгоҳ аст, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани сифати таълим мебошад.

Дар семинар омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дотсент Юсупова Фирӯза оид ба роҳҳои истифодабарии тахтаиинтерактивӣдармашғулиятҳои омӯзгорони фанни биология ва химия ба шунавандагон маълумот дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ