​Истифодаи китобҳои электронӣ

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус семинари илмӣ-назариявӣ доир гардид. Ин навбат семинар ба мавзӯи “Истифодаи китоби электронӣ ҳамчун технологияи инноватсионӣ дар рушди фарҳанги зеҳнии хонандагони хурдсол” бахшида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ин ташаббусро масъулини кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ роҳандозӣ намуда, дар кори он декани факултет низ Сатторбердӣ Рабиев иштирок намуданд.

Дар доираи кори семинар перомуни мавзӯи мавриди баррасӣ маърӯзаҳо шунида шуд.

Таъкид гардид, ки яке аз роҳҳои инкишоф додани фарҳанги зеҳнии хонандагон самаранок ва дуруст истифода бурдани китобҳои электронӣ дар раванди машғулиятҳои таълимӣ мебошад. Гуфта шуд, ки дар ҷараёни кор бо китоби электронӣ хонандагон ба таври ратсионалӣ истифода бурдани вақти таълимӣ, инчунин ташкил намудани фаъолияти таълимӣ-маърифатии худро меомӯзанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ