​Ҳисси баланди ватандӯстонаи ҷанговарони халқи тоҷик

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ дар хобгоҳи №9 перомуни мавзӯи “Ҳисси баланди ватандӯстонаи ҷанговарони халқи тоҷик”чорабинӣ доир гардид.

Дар доираи ин ташаббус арзишҳои миллӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва корномаҳои фарзандони фарзонаву қаҳрамони халқи тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии мазкур бо ҷалби донишҷӯёни факултети физика ва техника сурат гирифт.

Зимни ироаи маърӯзаҳо гуфта шуд, ки тоҷикистониён дар муҳорибаҳои шадид ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо – Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ