Ислом ва амнияти миллӣ
Яке аз арзишмандтарин неъматҳои истиқлоли миллии мо фароҳам омадани шароити густурда барои омўзиш ва таҳқиқу баррасии осори исломии ниёгонамон маҳсуб мешавад. Дар ин росто бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣРаҳмондарбаробариэҳёидигарсоҳаҳои тамаддуниволоипешиниёнроҳҳоирасиданба худшиносиидинии мардуми кишвар низ мавриди таваҷҷўҳи хосе қарор гирифтааст. Агарчи аз шурўъи ин амали ҳамида то кунун муддати андаке мегузарад, вале натиҷаҳои он хеле бузург арзёбӣ мегарданд. Дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамзамон хеле пуршукўҳ гузаштани ҷашни 1310-солагии яке аз пешвоёни мазҳабии мусалмонони ҷаҳон Имоми Аъзам, ки таърихи мусалмонони олам чунин маҷмаи бузурги илмиро дар ёд надошт, баёнгари он аст, ки дар ҳама давру замонҳо намояндагони арҷманди миллати тоҷик мақоми сабқат доштанро дар чунин амалҳои бузурги илмӣ ва ифтитоҳоти маҷмааҳои бузурги фарҳангӣ, хосса агар, ки дар роҳи бузургдошти тамаддуни волои динию миллӣ, балки умумибашарӣ буда бошад, барои хеш мояи ифтихор медонанд ва дарин роҳ тафохури шоҳу гадои ин миллат дар мунтаҳои эътиқоду имон сурат мегирад.
Ифтитоҳи босаодати ин роҳи бузург аст, ки имрўзҳо натанҳо осори арзишманди исломии аҷдоди гузаштаи мо таҳияву тадвин ва пешкаши мардум мегарданд, балки донишмандони боэътимоде ҳам зуҳур мекунанд, ки аз худ таълифоту таҳқиқоти ҷиддии илмию динӣ ба миён меоваранд. Агарчи ҳанўз сарзамини ба тозагӣ ба истиқлолрасидаи моро доираи қавии таҳқиқгарони улуми динӣ нест, бо вуҷуди ин шахсиятҳое падид омадаанд, ки кору амали эшон аз ояндаи пуранвори ин раванди шурўъёфта башорат медиҳад. Бо итминон метавон гуфт, ки ин раванд дар баробари вусъати рўзафзун,киҳамакнундарҷараёну эҳё аст, хурофотичапуростидар тўли солҳо ҳукмронгаштаро рахна ва исломи воқеиро барои мардум равшан хоҳад намуд, ки бо ин роҳ метавон амнияти миллиро аз нигоҳи динӣ таъмин намуд.
Дар замони муосир, ки ҳама давлатҳо ва халқҳо аз як тараф ногузир ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ дохил шудаанд ва аз тарафи дигар хатарҳои он мардуми бисёр кишварҳоро ба ташвиш ва нигаронӣ овардааст, назаре ба ҷойгоҳи арзишҳои исломӣ дар таъмини амнияти миллӣ намудан, муҳим аст.
Донишмандон ва онҳое, ки таваҷҷўҳ ба сиёсат доранд, пўшида нест, ки огоҳанд аз он амалҳои даҳсолаи охир, ки бо дасти дастандаркорони абарқудратҳо дар мамлакатҳои гуногуни дунё сар мезанад ва баъди он ин гурўҳҳо худ ва ин роҳи хешро яке аз василаҳои ҷаҳонишавии ислом ва ё посдории ислом муаррифӣ мекунанд, ки он боис гаштааст, то сокинони мамолики Ғарб дини исломро ҳамчун дини ҳаросафкан шиносанд. Ин дарки нодуруст, омили асосии муқобилгузории тамаддунҳо гардидааст. Ислоҳ ҳеҷ гоҳ дини тахрибкунанда ва ҳаросафкан набуда, балки дине мебошад, ки ҳадафи аслии он саодати зиндагонии мардум аст. Зеро дини ислом тарғибгари илм ва амният буда, ба ин ду қувва аризиши волоро қоил мебошад.
Дини ислом дорои хазонаи маорифи илоҳӣ ва файзи абадияти инсон мебошад ва ҳар кас аз он гумкарда ва мақсуди худро пайдо менамояд. Ислом ҳамеша тарафдори илм буд ва баҳри омўхтани илм дар каломи Худо “Қуръон” ва ҳадисҳои Паёмбар (с) таъкидҳои фаровоне рафтааст. Доктор Муҳаммадҷамили Ҳаббол дар китоби худ «Улум дар Қуръон» шумораи оятҳоеро, ки дар бораи ишораҳоиилмӣ ва ҳақоиқи гуногуни кавнӣ сухан мегўянд, ҳазору дусад (1200) оят гуфта ва дар китоби «Тиб дар Қуръон»-и худ ёдовар шудааст, ки аз ҷумла сесаду панҷоҳ (350) ояти он дар бораи ҳақоиқи илми тиб сухан мегўянд.
Ҳамон тавре, ки бузургон гуфтаанд: “Биомўзем то биомўзонем”. Сарфи назар аз он, ки мо миллати донишандўз ва соҳибтамаддун ҳастем, ҳамеша ниёзи зарурат ба омўзиш ва омўзгор дорем. Зеро инсоният ҳамеша ба таълиму тарбия ниёз дорад. Тавре, ки Паёмбари ислом (с) фармудаанд: “Аз гаҳвора то гўр дониш биёмуз”.
Илм ҳамеша дар ҳар давру замон новобаста аз шароит ҷиҳати тарбияи насли наврас ҷойгоҳи дурахшандаеро сазовор мебошад. Амният бошад, барои пешрафти соҳаҳои илм, мисли оне, ки об барои нумў даркор аст, зарур аст. Дин бошад, барои корбурди ҳарду дар ҷомеа ҳамеша зарур буда, то ҷое ҳалкунандаи масъалаҳои мубрами он ба шумор меравад. Муҳимтарин осори адабиву ирфонӣ дар адабиёти форсу тоҷик баҳри хизмат намудан ба илм, амният ва ислом ба қалам омадаанд. Аз “Шоҳнома”- Ҳаким Фирдавсӣ то “Сиёсатнома”-и вазири сиёсатмадор Низомилмулки Тўсӣ ва аз он то ба романи “Восеъ”-и устод Сотим Улуғзода ҳама баҳри таъмини амният ва шинохти он дар тули таърих ба қалам омадаанд. Инчунин дар ҳамин ҷода ба қалам омадани осори ниёгонамон ва аз нигоҳи илмиву динӣ ба таълиму тарбияи инсон таваҷҷўҳи хосса зоҳир намудан ва ҳамзамон таъмини амнияти миллиро аз нигоҳи илмӣ дарк намудан, бебаҳра нест. Дар асрҳои миёна бошад, осори илмиии тарбиявӣ баҳри такомули ғановати маънавии инсон ба ҷойи аввал баромад ва он то ҷое тавонист амнияти илмиро баҳри гузаштагонамон таъмин намояд.Ин аст, ки дар баробари инкишофи адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, тиббӣ, фалсафӣ асарҳои сирф ахлоқӣ чун “Насиҳатнома”-и Унсурмаолии Кайковус, “Бўстон” ва “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ, “Баҳористон”-и Ҷомӣ барин асарҳои саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, як қисмати муҳими таъмини тарбияи ахлоқии насли ояндасозро дар адабиёт фаро гирифтааанд.
Албатта, дар ин бора асарҳои зиёде навишта шудаанд ва навишта хоҳанд шуд, вале бо зикри манзури боло таъкид кардани ҳастем, ки арзишҳои исломӣ ва амният аз нигоҳи ислом мавқеи муҳимро доро мебошанд. Аммо, ин арзишҳои воло аз ҷониби баъзе гурўҳҳо муғризона таҳлил мегарданд, ки он боиси фаҳмиши мухталифи сиёсӣ мегардад.
Аз дигар нуқтаи назар, дар кишварҳое, ки мардуми мусалмон аксарияти онро ташкил медиҳанд, арзишҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ бо нигоҳи исломӣ баҳо дода мешавад. Агар аз ҷониби гурўҳе ба ин арзишҳо эҳтиром қоил нагардад, он ба амнияти ин ҷомеа арзиш нагузоштан баҳо дода мешавад.
Вақте дар бораи ислом ва амнияти миллӣ сухан меронем, як ақидаи ғалатӣ дар кишварҳои арабӣ ва дар баъзе асарҳо ҷой доштаро мушоҳида менамоем, ки онҳо ҳама арзишҳои илмӣ, адабӣ ва сиёсии исломиро якҷониба баҳо дода, онро моли арабӣ ва ё исломро номувофиқ ба арзишҳои замони муосир медонанд, ки ин ақида пурра ғалатӣ буда, онро мо бояд ҳамеша маҳкум намоем.
Хулоса, вақте коршиносон ва сиёсатмадорон аз нигоҳи илмӣ ба ислом ва амнияти миллӣ баҳо додани мешаванд, бояд дарки дурусте аз ислом ва арзиши амнияти миллӣ аз нигоҳи исломро дошта бошанд. Зеро дар ислом ҷойгоҳи амнияти миллӣ мавқеъи хосро сазовор мебошад. Дар ҳадисҳои Паёмбар (с) омадааст: “Дўст доштани Ватан аз имон аст” ва ё “Ба қадри ду неъмат пеш аз заволи он бирасед: тани солим ва ҳифзи суботи давлат”. Ин суханҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки амнияти миллӣ дар ислом дорои мавқеи меҳварӣ мебошад. Дар гузашта ва имрўз низ ислом ва амнияти миллӣ аз мадди назари аҳли ҷомеа, бахусус мутафаккирону хирадмандон дур намондааст ва бояд мо имрўз низ ба ин масъала баҳои воқеӣ дода тавонистана бошем.
Бердишукуров Абдунаим дотсент, мудири кафедраи умуми донишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ,
Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, докторант (Phd)