Иртиҷоҷӯӣ ва ҷудоиандозӣ хатари азимест ба бани башарият!
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёт қарор дорад.
Дар ин раванд солҳои охир таъсиру нуфузи созмонҳои фаромиллӣ ҷунбишҳои динӣ, гурўҳҳои ифротиву тундрав бо фарогири ҳар гуна ғояҳои иртиҷоӣ хеле зиёд ба назар мерасанд, ки ҷаҳонро ба такон овардаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш, ки дар таърихи 26-уми январи соли 2021 ироа гардид, чунин иброз доштанд: "Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд".
Воқеан ҳам, ин зуҳуроти номатлуб дар замони муосир хатари ҷиддие барои инсоният ба бор овардааст, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро фарогир мебошад. Терроризму экстремизми динӣ-сиёсӣ зуҳуроти ғайри қобили қабули ҷомеа буда, таърихи хеле тўлонӣ дорад ва олимону донишмандон, сиёсатмадорону сиёсатшиносон ва рўзноманигорону фаъолони ҷомеа вобаста ба он изҳори назар кардаанд, ки дар умум ҳама онро маҳкум менамоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромаду суханрониҳои хеш таъкиду роҳнамоиҳо менамоянд, ки ба воситаи зўроварӣ, ҷанг ва фишороварӣ ягон масъала ҳалли худро ёфта наметавонад.
Махсусан дар баробари он ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва бегонапарастиву мазҳабгароӣ назар ба дигар омилҳо хавфу хатари зиёдеро ба бор меоранд. Ногуфта намонад, ки худи мафҳуми "террор" бештар ҳамеша ба маънои тарс, даҳшат, зўроварӣ, куштор мавриди истифода қарор дорад. Терроризму экстремизми динӣ бояд дар ҳама ҳолат зери тозиёнаи танқид гирифта шуда, куллан маҳкум карда шаванд, зеро ин падидаи номатлуби аср на ба дину ойин ва на ба миллату мазҳаб ягон вобастагие надоранд.
Имрӯзҳо хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз талош доранд, ки бо иттилооти бардурӯғ ва ғаразнок мардуми ноогоҳ ва ҷавонони тиҳимағзро ба суди хеш мағзшӯӣ намоянд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мутаассифона, имрўзҳо бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои носозгору тахрибкор шомил мешаванд. Гаравидани ҷавонон ба чунин равияҳои тундгаро, аз қабили "Ҳизб-ут-таҳрир", "Ҳаракати исломии Ўзбекистон", "Салафия", "Ансоруллоҳ", "Толибон", "Ал-Қоида", "Давлати исломии Ироқу Шом"(яъне ИГИЛ), ташкилоти ифротии "Ҳизби наҳзати ислом", "Гурўҳи 24", "Паймони миллии Тоҷикистон" ва ғайраҳо хилофи ақли солим буда, оқибатҳои нохушу бесомоне ба бор дорад. Баръакс, ҷавонон ва кулли ҷомеа бояд бо нерўи тоза ва созанда бар зидди равияҳои мазкуре, ки ақлу зеҳнҳоро мағзшўӣ мекунанд, муборизаи беамон ва оштинопазир баранд. Ин гурўҳҳое, ки аз арзишҳои дини мубини ислом ба коми худ ва ба таври худ чун ниқоб дар ҷодаи расидан ба манфиату ҳадафҳои хеш истифода менамоянд, ба қишри такондиҳандаву пешбарандаи ҷомеа - ҷавонон, ки аксарияти онҳо аз дину ойини аслии худ бехабаранд онро нодуруст тафсиру ташреҳ медиҳанд.
Ҳамин тавр, иртиҷоҷӯиву экстремизм ва ҷудоиандозиву радикализм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон таъсири манфӣ расонида, душмани асосии рушду такомули ҷомеа ва инсон маҳсуб меёбанд. Барои бартараф ва ё пешгирӣ намудани он, пеш аз ҳама, ба тарбияи хонаводагӣ ва мактабу маориф диққати махсус бояд дод.
Дар баробари ин, шустушўи мағзҳои ҷавонони кишварамонро ба воситаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бояд пешгирӣ намоем ва нагузорем, ки душманони миллат идеологияи ифротгароии хешро дар кишвари мо пиёда карда тавонанд. Бояд итминони комил дошта бошем, ки ягон террорист ва экстремист ба мақсади ниҳоии худ бо чунин амалҳои зишт расида наметавонад ва мо зиракии сиёсиро аз даст надода, дар таълиму тарбия ва таъмини амнияти кишварамон нақши бориз дошта бошем.