​Интихоби мо – тарзи ҳаёти солим

Перомуни ҳамин мавзуъ бахшида ба Рўзи байналмиллалии мубориза бо бемории СПИД ва 16 – рўзи мубориза алайҳи хушунат дар факулетитаҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагон аз Маркази занон «Гулрухсор» ва Маркази саломатии №4 – и шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Омилҳои сар задани хушунат, пайомадҳои ин зуҳурот, усулҳи мубориза бо он ва дар идома масоили пешгирӣ аз бемориҳои сироятии вируси масъунияти бадани одам аз мавзуъҳои меҳварии чорабинии мазкур буд.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ