​Ҷинояткорро зиндонӣ бояд кард!

Ҳуқуқшиносон аз қадим то ҳанӯз ақидаи устувори адолатро пайгирӣ менамоянд, ки Фемида – олиҳаи ҳуқуқи инсон нобино асту “дар назди қонун ҳама баробаранд”. Маънии ин ақидаро метавон чунин шарҳ дод, ки фарде ҷиноят содир кардааст ва бо дигар хислатҳои иҷтимоӣ бояд ба кирдори худ дар назди қонун ҷавоб диҳад. Дар акси ҳол, дар ҷомеа ноадолатӣ пайдо мешаваду бархе аз узви ҷомеа ҷинояткориро ба худ пеша кардаву интихоб менамоянд, зеро мушоҳида кардаанд, ки ҷинояткорро ҷазо нарасидааст ва маълум нест, ки кай мерасад. Ин руҳияи носолим ба устувории ҷомеа ва рушди минбаъдаи он таъсири манфӣ мерасонад ва мебояд аз ин раванди номатлуб пешгирӣ кард вагарна, дар ҷомеа нооромиву беадолатӣ ҳукумфармо мегардаду мардуми оддӣ аз давлатдорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дилхунук мешаванду эътимод пайдо намекунанд.

Нооромиҳои давраҳои охир дар маркази Бадахшон – шаҳри Хоруғ ба амалҳои авбошонаи муштзӯри бераҳм Муҳаммадбоқир марбут асту ӯ тӯдаи авбошонро ҷамъ кардаву худро ҳомии Ватан хонда пайваста мардумро ба тазоҳуротҳои сиёсӣ, зидди давлатӣ иғвоандозӣ мекунад. Манбаҳои ноэътимоди иттилоотӣ, ки дасисабозӣ амали ягонаи онҳост, хабарҳои кӯчагӣ паҳн намуда истодаанд, ки гӯё Боқири авбош аз гуфтушунид бо ҳукуматдорон даст кашидаасту маҳз барои ҳамин ӯро ярадор кардаанд. Ин хабаррасонҳои бетамиз ақаллан андеша надоранд, ки ҳукуматдоронро зарурати гуфтушунид бо ҷинояткор нест! Макони ҷинояткор зиндон асту набояд касе аз ӯ пуштибонӣ намояд. Алалхусус, мардуми бофарҳангу боорияти маҳали зисти ҷинояткори авбош фаъол бошанд, зеро аз асрори авбошонаи Боқир бохабаранд ва баъзе амалҳои қабеҳи ӯро Амриддин ифшо кардааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшонро зарур аст, ки бо меъёрҳои қонун ва мавқеи фаъолонаи мардуми маҳал такя намуда ҳарчӣ тезтар қазияи зиндони намуани Муҳаммадбоқири авбошро ҳаллу фасл намоянд. Бигзор ҷинояткор зиндонӣ шаваду вазъи Бадахшон чун минтақаҳои дигари кишвар орому осуда бошад. Аз организми ҷомеа берун кардани хори нохалаф низ ба табобати ҷомеа мусоидат хоҳад карду нашояд хори авбошпешаро чун гулу барги сабз эъзоз кард. Муҳаммадбоқир агар ҷавонмардӣ дошта бошад, мебояд худаш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шаваду барои бадкирдориҳояш баҷои сазовор бинад. Вагарна, рӯзе пушаймон мешаваду умри ҷавони худ барбод медиҳад.

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табити факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ