Ҷинояткор ватандорӣ надонад
Аз қадимулайём ҷомеа аниқ намудааст, ки нафарони ҷиноятпеша тоифаи хоси давлат ё миллати алоҳида набуда ҷинояткор дар ҳар сарзамин вобаста ба ирсияту баромади иҷтимоӣ, таълиму тарбияи волидайн, шомилшавӣ ба муҳити носолими ахлоқӣ ва дигар омилҳо пайдо мегардаду ташаккул меёбад. Мусаллам аст, ки ҷинояткорро рӯзе ҷазо дарёб мекунаду мукофоти амал мебинад ва ҷинояткорро андеша аз имрӯзу фардо ва солимии ҷомеа нест. Зеро, ӯ худхоҳу такаббур асту манфиати худ, майлу хоҳиши худ болотар аз манфиати мардум медонад. Исботи ин маънӣ дар амали навини ҷинояткори дар ҷустуҷӯбуда Аловатшоев Амриддин мушоҳида мегардад.
Дар ҳоле, ки иддае аз авбошони муттаҳам дар шаҳри Хоруғ бар зидди мақомотҳои масъули давлатӣ муқовимат нишон дода вазъи сиёсӣ – иҷтимоиро ноором сохтаву ба иқтисодиёти кишвар зарар карданд, Амриддин Аловатшоев дар назди бинои Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мардуми муҳоҷири тоҷиктаборро ҷамъ оварда даъвату нидоъҳои бефарҳангу бетамизона кардааст. Аз наворҳои паҳнкардаи худи ӯ ва ҳампешагонаш мушоҳида мешавад, ки мақомоти қудратии кишвари Руссия онҳоро аз ин амали номатлуб огоҳонида хоҳиши халалдор насохтани ҳаракати нақлиёти мусофиркашро мекунанд. Ҳатто нафарони солимақли ҷамъомада изҳор медоранд, ки даъвоҳои худ ба шахсони расмӣ гуфтаанду мебояд интизори натиҷаи баррасии онҳо шуд ва хоҳиши парокандашавии издиҳомро доранд. Баъзе нафарони тасодуфан ҳамроҳгашта низ нияти тарки издиҳом кӯшиш кардаанд. Лекин, Амридину ҳампешагони ӯ бо таҳдиду зӯрӣ онҳоро аз парокандашавӣ бозмедоранд. Гӯё тақдири миллат аз ин издиҳом вобаста будааст?!
Андеша меравад, ки тартиби ташкили ин издиҳоми ғайриқонунӣ ва баргузории он бо даъватҳои ҳангоматалабона пештар тарҳрезӣ шудаву муаллифони сенарияи нооромиҳои Хоруғ ва ҳам гирдиҳамоии Маскав яканд. Вагарна, ҷинояткоре бехабар аз қазияи авбошони Хоруғ чӣ тавр тавонист мардумро даъвату ҷамъ намояду гирдогирди издиҳом дастаи муҳофизон омода намояд. Эҳтимол меравад, ки муаллифони ин нооромиҳо маблағгузорони хориҷианд, ки пойдории сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлолро намепазиранд ва бо иғвою дасисабозӣ ин қазияро ташкил кардаанду Аловатшоеву ҳампешагонаш бозичаи дасти ин хоҷагонанд!? Ин воқеа агар пешакӣ тарҳрезӣ шудаву иҷрочиён муайян намегардиданд ва ҳамоҳангсоз намебуд, алоқамандию такрорёбии даъватҳо дар издиҳоми Хоруғу Маскав ба мушоҳида намерасид.
Нафарони ҷамъомадаи назди Сафоратхона боре ҳам андеша накарданд, ки худ муҳоҷиранду мусофир дар кишвари бегона! Обрӯи миллатро андеша накардед, ақаллан ғами муҳоҷирони дигар мехӯрдед? Охир, мақомотҳои қудратии Руссия аз беинтизомиву бетартибиҳои чунин афрод ба муҳоҷири тоҷик бо нафрат нигоҳ мекунанд?! Ҳол он, ки ин гирдиҳамоӣ амали тоифаи кӯчаки ҷинояткорон асту мусофири бечораи тоҷик дар пайи луқмаи ҳалол заҳмат мекашад.
Касофати амалҳои ғайриқонунии Амридин Аловатшоев ба ҳазорон муҳоҷирони ватанӣ мерасад, ки ба воқеаҳои Хоруғ дахле надоранд. Ин ҷинояткори худхоҳ ҳисси ватандорӣ надонад, ки аз мардуми муҳоҷир ғамхорӣ кунад? Ҳайфи номи одамӣ нафари худхоҳу ҷиноятпешаро!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”