​Ҷиноят дар ягон ҳолат пинҳон намемонад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаи телевизиони “Бадахшон” паёми видеоии Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пахш гардид, ки дар навор номбурда дар бораи зодгоҳаш ва дар куҷо таҳсил дидаву ба чӣ корҳо машғул шудааст муфассал нақл мекунад. Амриддин Аловатшоев зимни паёми видеоӣ меафзояд, ки ихтиёран ба ватан баргаштааст ва касе ӯро иҷборан наовардааст. Аз ҷумла қайд мекунад: “Ба худ гуфтам, ки то кай гурехта мегардӣ? Баъди ин омадам ба Маскав ва чипта харида, бо ҳавопаймо худам ба Душанбе омадам”. Ӯ аз ҷиноят ва кирдорҳои ношояме, ки то ба имрӯз даст дошт ва даст задааст изҳори пушаймонӣ мекунад ва ба ҷиноятҳояш иқрор мешавад.

А.Аловатшоев дар ин муроҷиатнома ба сокинони Бадахшон, бахусус ба ҷавонон, муроҷиат карда, таъкид медорад, ки фирефтаи ҳарфҳои дигар лидерҳои ғайрирасмии он минтақа, аз ҷумла Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Аёмбеков, Хурсанд Мазоров ва Ёдгор Мамадасламов нашаванд ва “аз паси ҷинояткорон нараванд”.

Дар навор бо таассуф ва пушаймонӣ афсӯс мехӯрад, ки роҳи нодурустро интихоб кардааст, беҳтарин солҳои умрашро беҳуда сарф кардааст. Ҳарчанд имкон дошт. Ба ӯ касби хуби варзишгарро ваъда карданд, баъд кори мураббӣ, имкон дошт, ки ҷавонони оянда, варзишгарони ояндадорӣ бузургро тарбия кунад. Вале худи ӯ ба такдираш хати сиёҳ кашид ва нуқта гузошт.

Дар умум меҳвари паёми Амриддин Аловатшоев пушаймонӣ ва таассуф аст, ки роҳи дурусти зиндагиро бо вуҷуди имкониятҳои зиёд интихоб накард. Мавсуф акнун дар ғами фарзандон ва оила аст.

Дар охир ӯ умед мебандад, ки мақомоти интизомӣ ихтиёри таслим шуданашро ба инобат гирифта, ҷазои ӯро сабуктар мекунанд. Дар воқеъ амали ихтиёри баргаштанаш ба Ватан ва иқрор шудан ба кирдорҳои ҷиноятиашу дар назди қонун ҷавоб мегӯям гуфтани Амриддин Аловатшоев нишонии далериву бовиҷдонии ӯст.

Ин амали ӯ бояд ба дигар ҷиноятпешагони ва саркардагони амалҳои ҷиноӣ дар ВМКБ, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Аёмбеков, Хурсанд Мазоров ва Ёдгор Мамадасламов дарси ибрат шавад!

Сорбони Рустам,

устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ