Инкори ҳақиқат то ба кай?

(дар ҳошияи ташреҳи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо доир ба вазъи ҳуқуқии баҳси марзӣ)

Сар садани мунокишаҳову задухӯрдҳо дар атрофи масоили тақсимоти марзӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аксар вақт аз ҷониби қирғизҳо оғоз мегардад, моро водор месозад, ки ба масоили тақсимоти ҳудудиву миллӣ дақиқу возеҳ назар афканем. Чун ба сайри таърихии масоили тақсимоти марзӣ байни кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон пардозем, маълум мегардад, ки тамоми даъвоҳои кишвари Қирғизистон беасос мебошад. Аслан сиёсат тавассути қонун татбиқ мешавад ва аз рӯи қонун самтҳои он муайян мегардад. Бинобар ин, ҷиҳати гузоштани нуқта ба масоили марзӣ месазад, ки аз санадҳои меъёрии тақсимоти марзӣ ва хулосаҳои коршиносони номӣ, истифода намоем. Қувваозмоӣ, кашмакашӣ, иғвоандозӣ, оташзанӣ, хунрезӣ, намоиши иқтидори ҳарбиву пиёдасозии зулму ситам, ки қирғизҳо аз он васеъ истифода карда истодаанд, ба ҷуз аз талафоти ҷониву иқтисодӣ ягон асар дар ҳалли муаммои бамиёномада надорад.

Шарҳи муфассали асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби коршиноси маъруф оид ба масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо тавассути ВАО пешниҳоди мурдум гардидааст, инъикосгари он мебошад, ки Точикистон кишвари таҷовоузгар нест ва нахоҳад буд. Коршиноси варзида Абдуллоҳи Раҳнамо бо далеллҳои раднопазир мафҳум ва моҳияти ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байнидавлатиро ташреҳ намуда, талаботҳои қонунии масоили тақсимоти ҳудудиро ба таври возеҳ нишон додааст.

Сабаби асосии тӯл кашидани гуфтушунидҳо, пеш аз ҳама, дар Ҷумҳурии Қирғизистон зуд ивазшавии ҳокимият ва ихтилофи назар дар сиёсати пешгирифтаи ҳокимони қабливу тозаинтихоб, хусусан, дар масоили муайян кардаи ҳуҷҷатҳои такягоҳӣ барои гузоштани хотима ба баҳсҳои ҳудудӣ мебошад. Масалан, ба сифати ҳуҷҷати асосӣ Ҳукумати Қирғизистон соли 2011 маводи комиссияи дуҷонибаи соли 1989-ро ба таври расмӣ қабул карда, сипас, онро инкор намуда, соли 2013 Созишнома оид ба таъсиси ИДМ аз соли 1991,Эъломияи Алмаато аз соли 1991, Эъломияи Москав аз соли 1994 Оиннномаи ИДМ ва Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз соли 1996, соли 2021 ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллию маъмурии солҳои 1924-1927 ва ҳуҷҷатҳои комиссияи муштараки соли 1989 ва дар соли 2022 бошад, пешниҳод намуданд, ки ҳама мавод ва ҳуҷҷатҳои мавҷуда истифода гардад.

Новобаста аз он, ки кадом мавод ва кадом ҳуҷҷат истифода мегардад, таҳлилу тавзеҳи онҳо нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 211 000 га замин, ки кишвари Қирғизистон мехоҳанд ғасб намоянд, ҳаққи қонунӣ дорад. Абдуллоҳи Раҳнамо бо истифода ва пешкаши далелҳои возеҳ исбот намудааст, ки ин 211 000 гектар замин аз назари ҳуқуқӣ сад дар сад ба Тоҷикистон тааллуқ доранд ва аз назари Тоҷикистон харгиз «қитъаҳои баҳсӣ» нестанд.

Аз ин рӯ, таклиф ба амал бароварда мешавад, Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандон он сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд. Дар сиёсати дохилӣ созишро пеш гирифта, роҳи мусолиҳатомезонаву қонунии ҳалли муноқишаҳоро пайгирӣ намоянд. Зеро бо сохтани монеаҳои сунъӣ ҳақиқати таърихӣ ва ҳукми қонунии санадҳои меъёрӣ инкор карда намешавад.

Зилола Комилова сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ