​Имзои шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати ZET – Mobile

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ширкати ZET – Mobile шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ин шартнома дар шахсияти ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва директори генералии ширкати ZET – Mobile Махшулов Парвиз баста шуд.

Ҳадаф аз имзо шудани шартномаи мазкур, пеш аз ҳама, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос, омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва таъмини пешрафти маорифи рақамӣ унвон мешавад.

Дар доираи ҳамкориҳо тибқи шартномаи мазкур минбаъд ба роҳ мондани равобити илмӣ, табодули таҷриба, ташкили симпозиум, семинар, конференсия ва мизи мудаввар дар соҳаи маориф бо ташаббуси ҷонибҳо, инчунин гузаронидани лоиҳа ва барономаҳои дуҷониба, таъмини равобит ҷиҳати баланд бардоштани малакаи донишҷӯёни факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар назар аст.


Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳангоми имзои шартнома бо таъкид ба мақсад ва ҳадафи ҳамкориҳо изҳори умед намуд, ки таҳкими равобити ҷонибҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Гуфта мешавад, ки тибқи талаботи шартномаи мазкур инчунин иштироки намояндагони ҷонибҳо барои гузаронидани лексия ва мастер-класс барои донишҷӯён ва хатмкардагони донишгоҳ таъмин гардида, донишҷӯёни фаъол барои андӯхтани таҷриба даъват хоҳанд шуд.

Ҳамзамон, мусоидат ба инкишофи таболуди иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва рушди лоиҳаҳои технологӣ аз мақсади меҳварии имзо шудани шартномаи мазкур ба шумор меравад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ