​Иҷлосияи тақдирсоз

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар хобгоҳи №3 чорабинӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ ба мавзӯи аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Мудири кафедраи умимидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Бердишукуров Абдунаим доир ба нақши Иҷлосияи тақдирсоз сухан намуд.

Таъкид гардид, ки воқеан Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистондар таърихи давлатдориии навини тоҷикон саҳифаи тозаеро ифтитоҳ намуда, тақдири ояндаи халқи тоҷикро муайян намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба чорабинии мазкур донишҷўёни факултети иқтисодӣ ва физикаю техника ҷалб шуданд.

Аз ҷониби донишҷӯён перомуни мавзӯи мавриди назар маърӯза, шеър ва суруд садо дод.

Ҳамзамон, омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ-Алиева ва Ҳоҷиева баромад намуда, аз нақшу аҳамияти ин рӯйдоди таърихӣ сухан карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ