​Иҷлосияи сарнавиштсоз

Санаи 16 ноябри соли равон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи Президент” таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсози миллат” баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Сатторбердӣ Рабиев ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 29 –умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонва Рӯзи Президент табрик намуд. Сипас, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Сафар Эркаев таҳти унвони “Иҷлосияи сарнавиштсоз” маърӯза ироа намуд. Мавсуф қайд намуд, кихизматҳои шоистаи Пешвои миллат, ки дар зарфи 30-сол рӯи кор омаданд назирашро дар 30 қарн надида будем.Бартараф намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва пойдор намудани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муҳимтарин хидматҳои Пешвои миллат мебошад.

Ҳамчунин, маърӯзаи сармуаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Шоира Вализода таҳти унвони “Нақши асарҳои Пешвои миллатдар бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ” шунида шуд.

Чорабинӣ бо қироати шеърҳо дар ситоиши Пешвои миллат, суруд дар васфи Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ