​Иҷлосия – рӯйдоди таърихии тақдирсоз

Нишасти навбатии маҳфили “Насиҳат гӯш кун, ҷоно”, ки дар назди кафедраи назарияи физикаи факултети физикаю техника амал мекунад, ба мавзӯи Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Декани факултет Пӯлотов Парвиз дар бораи нақши маҳфил ва аҳамияти баррасии мавзӯи болозикр дар доираи он суханронӣ кард.

Ҳамзамон, дар доираи маҳфил перомуни мавзуъҳои марбут ба рӯзномаи маҳфил, аз ҷумла “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати навини тоҷикон” ва “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти мамлакат” маърӯзаҳо ироа шуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи назарияи физика Умаров Насимҷон дар мавзӯи “Иҷлосияи тақдирсози миллат” маърӯза намуда, корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини сулҳи тоҷикон таъкид дошт.

Дар идома маърӯзаҳои донишҷӯён низ шунида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили мазкурро муаллимаи ҷавони кафедра Оқилова Махбуба роҳбарӣ мекунад ва дар доираи нишастҳои маҳфил масоили муҳиму тарбиявӣ баррасӣ мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ