​Илмат ба амал чу ёр гардад...

Дар доираи ҳафтаи илм дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Илмат ба амал чу ёр гардад...” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ ба ҳаёт ва фаъолияти олимони факулет ба монанди профессор Абдуллоева М.А, профессор Азимова М.Н, профессор Усмонов К.У, дотсент Бойматов А.Б. ва дотсент Нематуллоева М.Н., ки дар рушди нумӯи факултет саҳми арзанда гузоштаанд бахшида шуда, донишҷӯён перомуни рӯзгори ибратбахши онҳо маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сақсад аз баргузориичорабинии мазкур ошно намудани донишҷӯёни соли аввал бо устодони варзидаи факултет, ки ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ ва факултет сайъу талошҳо кардаанд, мебошад. Зикр гардид, ки саҳми онҳо дар рушди илми тоҷик ва бахусус донишгоҳу факултет хеле назаррас аст. Дар баромадҳо қайд гардид, ки илм бояд дар амал татбиқ гардад ва барои пешрафти ҷомеа хизмат кунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ