Иқдомҳои Истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон

Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон туфайли ислоҳоти соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид, ки соҳаи маориф ҳам аз ҷумлаи онҳост. Рушди маориф омили асосии баланд шудани сатҳи маърифату маънавиёти мардум ва пешравии ҷомеа мебошад. Пўшида нест, ки баъди барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар Тоҷикистон дар натиҷаи бархўрдҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд ва ҳамаи соҳаҳо, махсусан маориф дучори бўҳрони шадид гардид. Аксарияти мактабҳо ва донишкадаву донишгоҳҳо қариб, ки аз фаъолият бозмонда, наздик 120 ҳазор толибилмон таҳсилро тарк намуданд. Бахусус нарасидани кадрҳои миллии сатҳи муосири ҷаҳонӣ ва аз кишвар рафтани мутахассисони варзидаи соҳаҳои мухталиф сабабгори пастравии сатҳи корҳои идораи давлат ва коҳиши самараи сохторҳои ҷомеа гардид. Танҳо дар соли 1992 аз ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор нафар мутахассисон фирор карданд, ки дар байни онҳо омўзгорону устодони беҳтарини мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ, олӣ ва миёнаи касбӣ буданд. Бўҳрони иқтисодӣ ва нобасомониҳои рўзгор ҳайати кадрҳои омўзгориро миқдоран ва сифатан заиф гардонд. Солҳои душвори 1992-1995 наздик 25 ҳазор нафар омўзгорони мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ бо сабабҳои душвориҳои иқтисодии баамаломада касби худро тарк намуданд.

Аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари навинтихобшуда Эмомалӣ Раҳмон мактабу маорифро асоси пешрафти иқтисодиёт ва маънавиёти миллат эълон кард. Дар соҳаи маориф марҳилаи нав оғоз гардида, барқарорсозӣ ва рушди он ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонида шуд. Аз муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқӣ сар карда, то маблағгузорӣ ва истифодаи воситаҳои самараноки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҳифзи саломатии кўдакону наврасон, шароити зист ва таълиму тарбияи кўдакони ятиму бепарастор таҳти назорати ғамхории доимии Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифт. Дар мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи кишвар (22 декабри соли 2005) сарвари давлат дар бобати афзалияти соҳаи маориф ва мақоми он чунин иброз намуд: «Бояд дар назар дошт, ки муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад. Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрўза яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри ХХ1 мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷўҳи хос ва масъулияти баланд муносибат намоем. Чунки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва умуман ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад».(3)

Маҳз бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 27 декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун аввалин санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия ва қабул карда шуд. Вобаста ба пешрафти иқтисодӣ ва талаботи давру замон ба қонуни номбурда якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо таҳрири нав қабул гардид. Ин қонун барои таҳияи лоиҳаи дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши маориф роҳ кушода, барои равнақи минбаъдаи соҳа заминаи боэътимод фароҳам овард. Баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандартҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва олии касбӣ, «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология», «Барномаи компютеркунонии мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ», «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омўзгорӣ» ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ сари вақт таҳия ва қабул карда шуданд. Дар мактабҳои олӣ низоми нави кредитии таҳсилот (НКТ), системаи холдиҳӣ – рейтингӣ (СХР) ва дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низоми муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим ба роҳ монда шуд. Ҳамаи ин санадҳо ва иқдомҳои давлатӣ ба рушди маориф, беҳтар шудани сифати таълим ва тарбия, самаранокии таҳсилот, азхудкунии дониш ва малака мусоидат менамояд.

Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолони маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 августи соли 1995 баргузор гардид, санаи фаромўшнашаванда ба ҳисоб меравад. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмўҳтавои худ ба масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани вазъи таълиму тарбия, баланд бардоштани мақоми омўзгор ва сифати тарбияи мутахассисон (хусусан кадрҳои соҳаи омўзгорӣ), беҳтар кардани шароити зисту зиндагонии омўзгорону устодон, аҳли маориф диққати махсус дода, бо исрор таъкид намуд: «То даме, ки мо барои муаллим, аҳли маориф, ки офаранда, парваришдиҳанда, муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаро муҳайё накунем, мақому манзалати онҳоро ба дараҷаи лозимӣ баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст».(4) Аз ин рў, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ноябри соли 1995 «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани шароити манзилӣ ва коммуналию маишии кормандони маориф» ва 10 ноябри ҳамон сол «Дар бораи баъзе чораҳои пурзўр намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф» қарорҳо қабул намуд. Тибқи қарорҳои мазкур манзили дар ихтиёри кормандони соҳа буда (сарфи назар аз шакли моликияташон) ба таври ройгон ба кормандони муассисаҳои илмӣ, таълимию тарбиявӣ, низоми такмили ихтисос ва нашрияҳои педагогӣ дода шуда, дар як вақт аз пардохти маблағ барои истифодаи об ва қувваи барқ, омўзгорони деҳот бошанд аз супоридани андози қитъаи замини наздиҳавлигӣ озод гардиданд. Ба кормандони соҳаи маориф инчунин ёрдампулии табобатӣ, ҷубронпулӣ барои харидани нашрияҳои даврӣ ва рухсатии дарозмуддати пулакӣ барои табобат муқаррар гардид. Ҳаҷми маоши кормандони соҳа зиёда аз даҳ маротиба баланд бардошта шуд. Мунтазам баланд шудани маоши кормандон ва такмил додани сатҳи тайёр кардани мутахассисони соҳаи омўзгорӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди кор ва истироҳат, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси омўзгорон ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият сиёсати ба амал баровардани ислоҳоти соҳаи маорифро пеш гирифт, ки ин ба афзудани шумораи муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониши хонандагон, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, бунёди таҳкурсии мустаҳками маориф дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Дар замони истиқлолият маблағгузории соҳаи маориф садҳо баробар зиёд карда шуд.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадбунёди хеш ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбару тақдирсози миллат афзалият бахшидаанд. Агар соли 2000 аз буҷаи давлатӣ ҳамагӣ 41 млн. сомонӣ ҷудо гардида бошад, имрўз барои ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёда аз 3 млрд. сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуда, зиёда аз 2500 бинои муассисаи таълимӣ ба маблағи беш аз 2 млрд. сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст. Агар дар ибтидои солҳои 90-уми қарни ХХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал карда бошад, таҳлили омории моҳи январи соли 2021 нишон медиҳад, ки дар зарфи 30 сол шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 682 адад зиёд гардида, имрўз дар ҷумҳурӣ 3911 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунанд ва дар онҳо 130 ҳазору 465 нафар омўзгорон бо таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. Дар соли 2020 дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода шуданд. Аз соли 1991 то ба имрўз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.(1) Сол аз сол шумораи мактабу муассисаҳои шаклу намудашон гуногун, ба монанди мактабҳои махсусгардонидашудаи президентӣ барои хонандагони болаёқат, литсею гимназияҳо, мактабҳои хусусӣ зиёд гардида, фаъолияти онҳо барои пешбурди раванди таълим, дуруст ба роҳ мондани тарбия ва инкишофи қобилияту истеъдоди кўдакону наврасон самаранок ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи маълумотҳо дар соли таҳсили 2016-2017 дар ҷумҳурӣ 9 мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, 161 муассисаи типи нав, аз ҷумла 85 гимназия (63 гимназияи давлатӣ ва 22 гимназияи ғайридавлатӣ), 66 литсей (60 литсеи давлатӣва 6 ғайридавлатӣ) фаъолият доштанд. Ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷўи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷи он мегарданд.

Дар қатори чандин тағйиру навгониҳо дар соҳаи маориф таъсис ёфтани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014) воқеаи муҳим буда, ин марказ тавонист дар самти ба таври шаффоф ва одилона баргузор намудани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ саҳми босазо гузорад.

Бояд қайд кард, ки макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти ҳаёти кишвар мақоми хоса дошта, дорои нерўи бузурги зеҳнӣ ва пояи моддиву техникӣ аст. Дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ таҳсилоти олии касбӣ инкишоф ёфт. Солҳои 1992-1993 қисми зиёди донишкадаҳои омўзгорӣ ба донишгоҳҳои давлатӣ табдил дода шуданд. Ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мақоми Донишгоҳи давлатии миллӣ дода шуда, Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе ба Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷўраев табдил ёфт. Инчунин донишкадаҳои омўзгории шаҳрҳои Хуҷанд, Кўлоб ва Қўрғонтеппа ба донишгоҳҳои давлатӣ табдил дода шуданд.Соли 1992 дар шаҳри Хоруғ низ Донишгоҳи давлатӣ ташкил гардид. Дар соли хониши 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷў фаъолият мекард. Имрўз шумораи мактабҳои олӣ ба 41 адад, шумораи донишҷўён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷуёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст, яъне дар хориҷи кишвар зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷўён, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.(1) Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 500 докторони илм ва зиёда аз 2200 номзадҳои илм ба таълиму тарбияи ҷавонон машғуланд. Устодони макотиби олии кишвар ғайр аз кори таълиму тарбия, инчунин ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳияи барномаву нақшаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методиву таълимӣ машғул буда, тайи солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд. Дар пешравии ин самти таҳсилот соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маълумоти олии касбӣ» қабул гардид, ки дар он роҳҳои дар амал татбиқ шудани ислоҳоти донишкадаю донишгоҳҳо муайян карда шудааст. Дар мактабҳои олӣ низоми таҳсили бисёрзинагӣ роҳандозӣ шуда, ба хатмкунандагони он унвони бакалавр ва магистр ҷорӣ гардидааст. Алҳол дар соҳаи маорифи кишвар зиёда аз 130 ҳазор нафар омўзгорон наздик ба 2 миллион нафар тарбиятгирандагон, хонандагон, донишҷўён хизмат мерасонанд.

Яке аз падидаи неки давраи истиқлолият дар ҷодаи тайёр кардани мутахассисон ҷорӣ намудани имтиёзу квотаҳои Президентӣ барои хатмкунандагони мактаб аст, ки фароҳам овардани шароитҳои муносиб барои зиндагиву таҳсили онҳо, аз қабили таъмири хобгоҳҳои донишҷўён ва ба талаботи имрўза мувофиқ гардонидани онҳо, боло бардоштани ҳаҷми маблағҳои идрорпулӣ, баргузории ҳар гуна чорабиниҳои гуногун ва тадбирҳои зиёди дигар ҳама барои дастгирии ҷавондухтарон ва ҷавонписарон дар кишварамон равона гаштааст. Бо мақсади тарбияи мутахассисони варзида аз ҳисоби занону духтарон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар суханронии худ дар анҷумани сеюми Иттиҳодияҳои занон (26 апрели соли 1997) масъала гузошта буд, ки “... ҳангоми қабул ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бо назардошти талаботи замон ва тавсияи ҳукумати маҳаллӣ барои тайёр намудани кадрҳо аз миёни духтарони ноҳияҳои дурдасти кўҳистон бояд ҷойҳои қабули ғайриконкурсӣ ҷудо карда шаванд”.(5) Дар асоси ин гуфтаҳои Сарвари давлат аз соли таҳсили 1997-1998 сар карда, қабули духтарон ба мактабҳои олӣ аз ноҳияҳои дурдаст тибқи квотаи Президентӣ бе имтиҳон (бо тариқи сўҳбат) ба роҳ монда шуд. То соли хониши 2019-2020 зиёда аз 11 ҳазор духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кўҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактаби олӣ дохил шуда, беш аз 10 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Аз соли 2003-2004 ҳамчунин қабули писарон аз ноҳияҳои дурдасти кўҳистон ба мактабҳои олӣ тибқи квотаи президентӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2020) бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим солҳои 2020-2040 «Солҳои омўзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.(2) Ба хотири боз ҳам бештар ба омўзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм-фурўғи маърифат» роҳандозӣ гардидааст. Бо мақсади ҷалби бештари донишҷўён ба корҳои илмӣ аз соли 2000 озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ» аз нав барқарор гардид, ки ҳар сол дар ин озмун 50-60 корҳои илмӣ муҳокима ва қадршиносӣ карда мешаванд. Инчунин баргузории озмунҳои гуногун ба хотири дарёфту рушди истеъдодҳо дар ҷодаи илму маориф, ба мисли озмуни «Олими сол», «Омўзгори сол», «Мураббии сол», озмун дар ҷодаи баланд бардоштани завқи китобхонии насли наврас ва ҷавонон зери унвони «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дигарҳо то андозае аз пешрафти соҳа шаҳодат медиҳанд.

Имрўз дар муассисаҳои таълимӣ роҳҳои ба хондан ҳавасманд намудани наврасон ва ҷавонон инкишоф ёфта истодааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 идрорпулии Президентӣ барои аспирантони таълими рўзона ва донишҷўёни мактабҳои олӣ ва аз соли 1998 барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи касбӣ ҷорӣ карда шудааст, ки ҳар сол садҳо толибилмон барои дастовардҳояшон ба он сазовор дониста мешаванд.

Ҳамин тавр, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудани Нақшаи ислоҳоти соҳаи маориф, Барномаҳои давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шакли нави идора ва маблағгузории сарикасӣ натиҷаҳои хуб доданд.

Маорифи халқ дар ҳама давру замонҳо нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат аст. Беҳуда нест, ки ҳамасолаПешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бештар ба рушд ва пешрафти соҳаи маориф диққат дода, вазифаи асосии соҳаро ба миён мегузоранд. Ҳадафи муҳими низоми маориф тарбияи шахсияти фаъол ва созанда аст. Аз ин рў, масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон ва ҷавонон тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ ва идоракунии демократӣ, ки то имрўз барои ноил шудан ба дастовардҳои илму техника ва фарҳанг мусоидат намуданд, таҳти таваҷҷўҳи доимии сарвари давлат ва ҳукумат қарор дорад.

Дар ҳақиқат, соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ ба пешравиҳои зиёде ноил гардида, ба соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Сохтани мактабҳои нав, ғанӣ гаштани пояи моддӣ-техникии таълиму тарбия, афзудани шумораи мактабҳои типи нав, таҳия ва нашри накшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии ҷавобгўи талаботи Тоҷикистони соҳибистиқлол, коркарди стандартхои нав дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, густариши фазои иттилоотӣ ва ба фазои таҳсилоти байналмиллалӣ ворид шудани низоми таҳсилоти миллӣ, афзоиши талабот ба беҳтар сохтани сифати таълиму тарбия ва амсоли ин падидаҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ бо назардошти нақши созандаи худ барои мардуми тоҷик бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд ва ҳамин аст, ки бо гузашти солҳо қимату манзалати ин музаффарияти таърихӣ боз ҳам афзунтар мегардад.

Раҳматова М.С., - н.и.т., дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ