​Иқдоми наҷиб: ғамхориҳо нисбат ба кӯдакони ниёзманд таҳким меёбанд

Масъулини шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ба муносибати 90 - умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ ва арафаи Соли нав аз комплекси кӯдакистон - мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Ин ташаббус ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ ва ғамхорӣ ба қишри имконияташон маҳдуди ҷомеа роҳандозӣ гардид.

Дар доираи ин ташаббус ба кӯдакон ба муносибати Соли нав табрикоти раёсат ва ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ расонида шуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин ибтикор идома ёфта, ҳадаф аз он дастгирии кӯдакони ниёзманд ва ятиму бепарастор унвон мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки феълан аз ҷониби факултетҳои донишгоҳ силсилаи аёдат ба роҳ монда шуда, дастгирии иҷтимоии қишри ниёзманди ҷомеа, ки аз ҳадафҳои муҳими Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар меҳвари фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ