​Ихтироъкорон ва навоварон донишгоҳ мукофотонида шуданд

Бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандӣ, фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёт мамлакат, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”дар донишгоҳ озмуни умумидонишгоҳии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ҷамъбаст гардид. Донишҷӯён, ғолибони даври вилоятии озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон” аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо туҳфаҳои пулӣ мукофотонида шуданд. Дар ҷамбаст зинаҳои ифтихориро Зиннатҷон Бобоҷонова – докторанти курси 3-юми факултети биология ва химия Ҷамшедҷон Назаров – донишҷӯи курси 1-уми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, Нозанин Абдуллоева – донишҷӯи курси 5-уми факултети математика, Нилуфар Раҳматуллоева – омӯзгори факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣсоҳиб гардиданд. Ғолибони ҷойи аввал бо ифтихорнома ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1500 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ