Ихтилофҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қиргизистон

Санаи 16 уми сентябри соли ҷорӣ бар асари ихтилофҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қиргизистон рух дод марзбонҳои ду кишвар маҷрӯҳ гардид. Чуноне,ки маълум аст,дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара аз тарафи сарҳадбонони Қирғизистон садои тир кушода шуд.Қисме аз мардуми ҷамоати Хистеварзи Бобоҷон Ғафуров ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон баъд аз шунидани садои тир хонаҳои истиқоматии худро тарк намуданд. Бисёр хонаҳои истиқоматии Чоркуҳ,Хоҷаи Аъло, Ворух,деҳаи Сомониён ,Хистеварз аз тарафи шаҳрвандони кирғиз сузонида шуд. Чи хеле,ки огоҳ ҳастем, дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовуҷкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон иншоотҳои гуногун зарар гардида хароб гардид.

Имрӯз бо роҳбарии ҳар ду ҷониб муноқишаю ҳодисаҳои шударо муҳокима намуда, бо дастгирии мусалаҳона муноқиша қатъ карда шуд.Ҳоло бошад айни замон аз ҳар ду ҷониб корҳои фаҳмондадиҳи шуда гузашта истодааст. Мо бояд ба иғвою эҳсосот дода нашуда ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст набояд диҳем. Мо миллати тоҷик ба ягон нафар душмани намехоҳем мо ҳамеша тарафдори сулҳ мебошем. Сиёсати хирадмандонаисарвари давлатро якдилона ҷонибдорӣ намоем ва нагузорем давлати мо аз тарафи душман халалдор гардад. Мо миллати тоҷик умед мебандем,ки бигзор ин муноқишае,ки байни ду марз шуда гузашт муноқишаи охирин бошад. Мо ҳамеша тарафдори сулҳ будем ва мемонем. Чун ин миллатроҳбари бохираду ҷаҳондидаи худро дорад.Имрӯз бевосита тамоми мамлакатҳои ҷаҳон Тоҷикистонро мешиносанд. Миллати моро чун қавми бузург муаррифӣ менамоянд. Бинобаринмо халқи тоҷик ҳамеша тарафдори сулҳ ҳастем ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳем.Халқи тоҷик аз қадимулайём халқи ба нангу номус буд. Ҳар як шаҳрванди миллати тоҷик зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаҳҳид гардида, барои ободииин сарзамин кӯшиш намоем.Ва намехоҳем нохалафе сарзамини аҷдодии моро халалдор гардонад.Поянда бод сулҳу амонӣ.

Шаҳнур

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ