Иғвои навбатии кирғизҳо давом дорад

Ахдшикани ва низоъ иғвои навбатии Кирғизхо боиси моҷарои дар сархади Точикистону Киргизистон гардид. Имрузҳо симои аслии сиёсатмадорони қирғиз маълумшуда истодааст ва мардуми Тоҷикистон сиёсатмадорони қирғизро аҳдшикан мешиносанд. Ҳизбу ҳаракатҳои разолатпарасти қирғиз муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад. Чаҳони муосир саршор аз руйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост. Ҳар руз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вукуъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан харгиз раво нест.

Пас аз хар музокирот кирғизхо дар минтакаи сархади даст ба иғвои навбати мезананд ва хуни мардуми тоҷикро мерезанд. Муссаламаст, ки ороми нисби ҳозирадар сархадиТоҷикистону Кирғизистон то замони мунокишаи навбатии сокинони Ворух ва Оксой ва ғайра ки дар ҳарфурсати муносиб ва бо баҳонаҳои гуногун рух медиҳанд,боқи мемонад. Бале дар ин мавзуи мубрам барои расидани сулҳ ё итиффоқи дӯстибайни ин кишваҳои ҳамсоя талоши Сарварони давлатҳо мебошад, аз ҷумла Президенти кишварамон Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон барои оромии ватани азизамон кушиши зиёде намудаанд ва хеҷ гоҳ намемонанд ки хавои софубеғубори Тоҷикистони азизамон гардолуд шавад.

Мо, аҳли зиёиён ва ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда аҳдшиканиву беадолатиро нисбати худ намебахшем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Гурдофариди Рустам – омӯзгор, таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ