Ҳифзи Ватан аз имон аст!
Рӯзҳои охир дар байни мардуми кишвар хусусан аҳолии маҳалҳои ҳаммарз бо Ҷумҳурии Қирғизистон овозаҳое паҳн гаштааст, ки гӯё ҷониби қирғиз аҳолии маҳалҳои наздисарҳадиро ба ҷойи дигар кӯчонидааст. Коршиносони дохилию хориҷӣ аз ин амал хулоса бардоштаанд, ки эҳтимолан падидаи омодагӣ ба кадом “провокатсия” мебошад. Баъзе носабуру беқаророн бошад аз роҳбарияти олии Тоҷикистон талаб доранд, ки барои муқовимат омодагӣ гиранд, зеро оғози муҳорибаи тарафайн ногузир гаштааст.
Дар ин радиф, бо итминони комили қавӣ изҳор медорам, ки сиёсати дурандешона ва адолатхоҳии роҳбарияти олии кишварамон борҳо исбот шудааст ва мардум мебояд бидуни шакку шубҳа ба он эътимод намоянд. Сару садо ва овозаҳоро аз майнаи худ дур карда ҳушёру зирак бошанд. Қудрати сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатдории Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо нерӯи меҳанпарастии аҳолӣ баҳснопазир аст ва агар зарур гардад барои ҳифзи Ватан якдилона бармехезем. Аммо, алҳол набояд ба “провокатсия”-и қирғизҳо фирефта шуда рӯҳияи нооромӣ бунёд кард. Амалҳои қирғизтаборон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳамчун аҳдшиканию паймонфурӯшии онҳо мисоли равшани сиёсати ноустувори ҳамсоядавлат мебошад. Аз афташ, боз ҳамон ҳангоматалабони ҳарзагӯй ба иғвоангезиву дасисабозӣ оғоз кардаанд. Вагарна, танҳо кӯтоҳақли бетамиз омодагию орзу ба ҷанг мекунад.
Аз мардуми бо нангу номуси Ватан даъват менамоям, ки сабуриву таҳаммулпазирӣ пеша намоянд. Бо ваҳдату якдилӣ пайрави сиёсати адолатхоҳонаи роҳбарияти олии кишвар бошанд. Зеро, сипари боэътимоди муқовимат бар зидди ақидаю амалҳои бегонаи душманона ваҳдату сарҷамъии ҷомеаи орому осудаамон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои дӯсту бародарҳоро дорост, ки ҳаргиз танҳо намегузоранд ва ҳам дар кишвар рӯҳияи ҳамдилию ватандӯстӣ ҳувайдост, ки аз омодагии аксарияти омма барои ҷоннисорӣ ба Ватани маҳбуб дарак медиҳад. Баръакс, ҷониби қирғиз бохабар бошад, ки ҷомеаи Тоҷикистон барои ҳифзи марзи худ аз тамоми воситаҳои мавҷуда истифода мебаранд!
Собиров
М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва
туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”