Ҳифзи ҷомеа аз падидаҳои манфии хатарзо вазифаи муқаддас аст!
Оила ниҳоди муқаддас аст. Ҷамъияти инсонӣ барои эмин нигоҳ доштани он аз ҳама гуна хатарҳо, низоъҳо, урфу одат ва анъанаҳои бегона, амалҳои ғайриахлоқӣ, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар зуҳуроти номатлубу пайомадҳои нохуш талош меварзад, то ҳаётро хуш гузаронад. Барои рафъи мушкилот, муҳофизати оила, мустаҳкам доштани обрӯю эътибори он ва тарбияи комили фарзандон оила ва аъзои он тамоми ҳастӣ, қувва ва маҳорату нерӯи зеҳнии худро сарфарбар менамояд, то оила устувор, фарзандон соҳибмаълумот, соҳибкасб ва ба ҷамъият нафърасон бошанд.
Ҳоло дар ҷомеаи имрӯза ба ҳамагуна хулқу рафтори накӯ ва ношоиста рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки ин ду хислат хоҳ нохоҳ дар оила эҷод ва ташаккул меёбад. Вале муҳимтарин нукта он аст, ки дар оила волидон ба фарзандон ҳамчун оина хизмат менамоянд. Ҳаргуна рафтору гуфтор, муносибате, ки онҳо дар зиндагӣ ва фаъолияти ҳаррӯза анҷом медиҳанд, фарзандон онро такрор, таассуб ва пайравӣ мекунанду хислати онҳоро ба худ касб мекунанд. Аз ин рӯ, оила зинаи аввали тарбия ва ташаккули ҳамаҷонибаи шахс маҳсуб ёфта, пойдевори асосии ҷомеа ва рушди давлатро ташкил медиҳад.
Дар ҷомеаи иттилоотӣ нақши иттилоот дар тарбияи ҷавонон басо муҳим арзёбӣ мегардад. Дар радифи омилҳои дигар метавон камфаъолиятии ниҳодҳои иттилоотиро омили дигари рушди падидаҳои манфиатхоҳ миёни ҷомеа арзёбӣ кард. Зеро мардум, ба хусус қишри ҷавонон, дар бораи моҳият ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро иттилои кофӣ надоранд. Аз ин лиҳоз оила бояд дар ин самт иттилооти дурустро дар муҳити оилавӣ расонад ва фарзандонро аз оқибатҳои нохуши он пайваста огоҳ созанд.
Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров