​Ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандӣ

Бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистондар факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тарбиявӣ- фарҳангӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ - такягоҳи боэътимоди давлат!” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст, декани факултет доктори илмҳои биологӣШаҳноза Мирзобаҳодурова чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Артиши миллии такягоҳи боэътимоди давлату миллатикуҳанбунёду сарбаланди тоҷик буда, сарбозони далери он ҳамеша дар роҳи ҳифзи сарзамини аҷдодии хеш қаҳрамонию ҷоннисолра карда меоянд. Зикр шуд, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии ҷавонон аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан – Модар, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги ҷасорату шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идома донишҷӯён дар васфи Модар-Ватан порчаҳои назмиву насрӣ қироат намуда, суруду таронаҳои ватандӯстона, саҳначаҳои тарбиявию ҳаҷвӣ ба намоиш гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ