​Ҳифзи арзишҳои миллӣ

Тибқи нақшаи Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ дирӯз дар факултети биология ва химия бо донишҷӯдухтарони курсҳои 1,2 ва 3-юм вохӯрӣ оид ба “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири бахши занон ва духтарони донишгоҳ Гулбаҳор Султонова баромад намуда, афзуд, ки донишҷӯён бояд ба дарс бо либосҳои тавсиявӣ ҳозир шаванд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо ҳифзи таъру фарҳанг ва арзишҳои миллӣ аз ҳадафҳои муҳим маҳсуб мешаванд.

Сипас, раиси Шӯрои духтарони факултет Фарангис Султонова дар перомуни мавзӯи мавриди назар гузориш дода, либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯдухтаронро дар экран намоиш дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири ҳифзи фарҳанги миллӣ ва эмин мондан аз фарҳанги бегона чунин мулоқоту чорабиниҳо дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ гузаронида мешаванд.

Маркзи иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ