Ҳифзи якпорчагии тоҷикистони азиз – вазифаи ҳар яки мо!
Президенти кишвар ба масъалаҳои зиёди тарбияи ҷавонон рӯ оварда, вазифаҳои муқаддаси ҳар яки моро дар ҷодаи ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз муайян сохтаанд. Албатта, ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар тамоми дунё рӯй дода истодааст, ҷомеаи моро ба ташвиш андохтааст.
Сарвари давлат, барои ҷавонони кишвар таъкид намудаанд, ки бояд дар шароити имрӯза ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии ғояву ақидаҳои нодуруст ва дар зери таъсири он намондан саҳми арзандаи хешро гузорем.
Аммо баъзе ҷавонон ба қадри ин неъмати бебаҳо намерасанд. Ба қадри зиндагии орому осуда, ба қадри падару модар, зану фарзанд намерасанд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил мешаванд.
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, олимон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан мебошад, ки ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Дар замони муосир сиёсати давлат дар ин марҳилаи пурпечутоб ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад. Дар ин раванд саҳми ҷавонони кишвар ниҳоят бузург мебошанд.
Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафарияҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.
Аз ин лиҳоз, мо омӯзгорон вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрўза дар руҳияи ватандўстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.
Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа