Ифротгароии хушунатомез – заволи зиндагии осоишта
Таърихи сиёсиву иҷтимоӣ ва муборизаҳои мафкуравии ҷомеаҳои башарӣ ба таври равшан собит мекунад, ки зуҳуроти ифротгароӣ ба давраҳои пурҷӯшу хурӯши қавму милали дунё алоқаманд аст ва сабаби аслии ривоҷу равнақи он ба чигунагии фаҳмишу биниши давлатҳои худкомаи авҷдиҳандаи ифротгароӣ марбут аст. Ҳама гуна давлатҳо дар ҷаҳон роҳу равиши пешрафти худро доранд. Аз ҷумла, дар давлатҳои мутамаддин фишанги асосии пешрафт маънавият қарор гирифтааст. Ин гуна давлатҳо, бешак, чароғдори маънавият ва пешрафту ободии миллӣ дар ҷомеаи башарианд, дигар давлатҳоро ба роҳи некӣ ва некзистӣ мекашанд. Маҳз онҳо бояд дар таърихи ҷаҳон ва ҷомеаи башарӣ модели беҳтари расидан ба авҷи қудратҳои маънавӣ шинохта шаванд. Дар таърихи башар ва ҷаҳони имрӯз давлатҳои худкома ҳам арзи ҳастӣ доранд, ки ҳарчи бештар саъй бар ба даст овардани риштаи ҳирсу сарварии дунё кардаанд ва дар ин амр василаи зиёде ба кор оварда ва дастгоҳи зиёде дар хидмати онон будааст. Ҳадафи аслӣ, бешак, дар он нуҳуфта будааст, ки ақсои олам ҳамчун бозичае дар дасти онҳо қарор бигирад. Як силсила рухдодҳои ногувори садаи бист ва бисту як, ки аз ҷониби давлатҳои ҷангҷӯ ва ниҳодҳои худкомаи ҷонибдори онҳо ба миён омадаанд, аз ҳақиқати ин амр гувоҳӣ медиҳанд.
Аз ин чашмандоз, мардуме, ки дар кишварҳои мухталифи дунё ба амали нагин майлу хоҳиш пайдо мекунанд ва ба ифротгароӣ мегараванд, бидуни дарки аслии моҳияти хостаҳои онон, майлу хоҳиши аз ҳад беши ҷаҳонватанӣ шудани ин гуна кишварҳои худкома ҳадафҳои аслии чунин гаравишро дар нобоварӣ ба равандҳои ҷории кишвари худ, хоса, гӯё нобаробар ва номураттаб будани сатҳи зиндагӣ ва иҷтимоиёти кишвар ба шумор меоваранд ва ба таври носолим фикр мекунанд, ки бо гаравиш ба ин зуҳурот ва дохил шудану пайвастан ба тӯдаи ифротгароён калиди ҳаллу фасли муаммоҳои зиндагиро дарёфт хоҳанд кард.
Дар асл, сатҳи дониши норасо ва мафкураи норасидаи аҳолии камбин ва камдидаи милали дунё имкон намедиҳад, ки онон номатлуб ва норост будани чунин роҳро дарк намоянд ва ба дурустӣ фаҳманд, ки ин гуна гаравиш на калиди аслии расидан ба зиндагии хуш ва матлуб аст, балки ғӯта хӯрдан ба ин гирдоб маънии фурӯ рафтан ба муаммоҳои аз ин ҳам бештари хатарзоро дорад.
Сабаби дигар ва боз ҳам ҷиддитари чунин гаравиш ба ин ботлоқ дар ҷомеаҳои башарӣ гӯё бартарӣ доштану бартарӣ ёфтани ҷаҳонбинӣ ва мафкураи диниву мазҳабӣ аст ва аз назари гаравандагон гӯё танг кардани давлат ва ҳукумат аз ҷойгоҳи дину оини мазҳабӣ ононро ба ин роҳ оварда ва онҳо гӯё дар роҳи дифои ҳақ ва ҳақиқати мазҳабӣ ҷуз рӯйоварӣ ба ин зуҳурот дигар чора надоштаанд.
Бо ин роҳ нафарони гараванда ба амали ифротгарӣ бидуни донишу фаҳмиши амиқи дунёдорӣ ва бо такя ба қазоватҳои норосту носолим ба раванди ҷорӣ ҷиҳод мекунанд ва ин гуна ҷиҳод варзиданро омили аслии пойдор кардани дину оин ба шумор меоранд, дар ин роҳ шаҳид шуданро амри муҳими расидану пайвастан ба даргоҳи ҳақ мешуморанд.
Аз ин ҷиҳат, решаҳои пайдоиши ин зуҳурот дар нобаробарии сатҳи саводу фаҳмиши ҷомеаҳои мухталиф дар масоили мубрами дину оин ва дунявият қарор дорад. Аз назари равоншиносӣ ҳам метавон ба ин натиҷа расид, ки майлу хоҳиши беинтиҳо ва ҳарчи бештари расидан ба аҳдофи мафкураи ҷаҳонватанӣ ё сарварии кулли ҷаҳон будану фармондеҳи мутлақи ҷаҳон будан бархе давлатҳоро усулан водошта, ки ба густариши мактабу ниҳодҳои хосаи ифротгароӣ замина фароҳам созанд ва ба ин ниҳодҳо қувваи фаровонеро ҷалб намоянд. Аз ин нуқтаи назар, набудани қобилияти дарки худкомагии давлатҳои худхоҳу худҷӯ аз ҷониби афроди ҷалбшуда сабаби аслии афзоиши ифротгароӣ гардида, онҳо зери таъсири ин худкомагӣ қарор гирифтаанд. Барои ин гуна равандагон тафовут надорад, ки «террористон ба давлати миллӣ ва миллат бовар надоранд. Онҳо ба фазое, ки бар эътимод асос ёфтааст, бовар доранд». Онҳо инро ҳам намедонанд, ки «террористҳо ва сарпарастони онҳо бо роҳи фиреб одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ заифро ба фабрикаи худкушии худ ҷалб мекунанд». Ин аст, ки равияи мазкур дар асри имрӯз чун хатари ҷиддии ҷомеаҳои ҷаҳонӣ шинохта шуда, чашми диққату эътибор додану дӯхтани ниҳодҳои байналмилалӣ ва дохиликишварӣ ба ин амали номатлуб ва ҳаллу фасли он низ аз ҳамин хатари ногувор сарчашма мегирад.
Аслу ҷавҳари асосии ифротгароӣ дар шароити имрӯз пойбанди мафкуравии ниҳодҳои бегона шудани аҳолии кишварҳои мухталиф дар шаклу навъҳои гуногун аст ва худ аз худ дар амри ифротгароӣ арзишҳои мазҳабии бегона ҷойгоҳи хос ба даст овардааст. Ифротравон ҳаргиз фаҳмидан намехоҳанд, ки пуштибонӣ аз афкору ақоид ва таълимоти ифротгароёнаи динии як кишвар моҳиятан пуштибонии мафкураи он кишвар ва, ба ин васила, ноором кардани фазои ороми ҷомеаи дигар маҳсуб мешавад. Ин амр, барҳақ, ба муҳити солими ҷомеа халал ворид карда, ба системаи фикру ғояи миллии он кишвар зарбаи сахт мерасонад. Аммо, мутаассифона, нафароне, ки ба чунин зуҳурот дилбастагӣ пайдо мекунанд, на донишу биниш ва фаҳмиши амиқ доранд, на аз асосҳои улуми дунявӣ бохабаранд, на ба роҳу равиши пешрафтҳои миллии кишвари худ заррае сидқу садоқат доранд. Ба инҳо арзишҳои ватандорӣ ва миллатпарастӣ бегонаанд. Беватанӣ ва беватан будан аслу мағзи равандагии ин тоифаи ҷангҷӯ ва хатаровар мебошад, ки бояд аз беху бун чунин андешаро сар зад.
Ба лойоби таассубу ҷаҳолати динӣ ва доми тазвири қаллобону бидъаткорон ва таҳрифгарони дини ислом гирифтор шудани афроди ноогоҳ ва Худоҷӯйи дар асл Худобехабар боис гардидааст, ки аз дини мубини Ислом ва аҳдофи сиёсии он нохудогоҳона ба кор гирифта шавад. Ин амр ба ҷоҳиливу ваҳшонияти ин тоифа ишорат карда, бозгӯи он аст, ки онон бино ба бедонишӣ ва халалдору коста будани бардошти сиёсӣ аз фаҳмиши аслии сарсабзиву барозандагӣ ва сарзиндагӣ дар ҷомеа дар канор монданд, онҳо аз фарти бебаҳрагӣ аз фарҳанги башарӣ ва миллӣ ба махлуқи ношуд ва нокардагор табдил ёфтаанд, бе ҳиссу равнақ ва шармандаворона дар ҷомеаи озоди дунявӣ бидуни мақом ва мартабаи шахсиву ҷамъиятӣ боқӣ мондаанд. Ин гуна ифротварзон дигар ба бақои ҳастиашон набояд бовару эътимод дошта бошанд, инҳо ҳаққи комили нафас кашидан бо Ватан, Кишвар ва ҳамзистӣ бо фарзандони содиқи он надоранд, инҳо маҳкум ба заволанд, ки аз фарти нодонӣ, бехабарӣ ва нокоршоямӣ дар пешбурди Ватан, аз сабаби ноилоҷӣ ва худро ҳақир пиндоштан дар Ватан маълумоти андак оид ба дини Ислом ба даст оварда, талош варзиданӣ шудаанд, ки лоақал бо истифода аз номи дин мақоми иҷтимоиашонро беҳтар созанд. Ин тоифа дар дарки ростини равандҳои сиёсиву идеологӣ ва маърифатии асри мо ноқобиланд. Онҳо дарк накардаанд, ки абарқудратҳо ҷомеаи башариро байни худ тақсим карданианд ва дар ин роҳ аз қувваи бедонишон суд меҷӯянд, пайравони мутаассибу ҷоҳилро чун василаи татбиқи аҳдофи нопок ба кор мегиранд ва танҳо ба ин васила ба ниятҳои нопоки худ расиданианд.
Аз ин ҷиҳат, пайдоиш ва густариши зуҳуроти ифроту ифротгароӣ дар замони мо рукни ҳадафмандонаи сиёсати нопоки абарқудратон дар робита ба олами ислом аст. Дар ҷое, ки дониши динӣ ва пазириши дини Ислом андаке қафо монда бошад, бозори ифротандешӣ ва қаллобӣ дар авҷ хоҳад буд. Ҷое, ки мусулмони ноогоҳ ҳаст, оташи низоъ ҳамеша дар ҷӯш ва пойбарҷост. Чаро ин гуна афрод андеша надоранд, ки ҳамин ноогоҳии маҳз дар ҷомеаи мо яке аз сабабҳои аслии харобиовар дар ҷанги қавмӣ гардида буд?
Ин гуна афрод бо кӯмаки хӯҷаинон ва навкарони хориҷӣ хоҳонанд, ки ҳаёти ба назарашон ҳамвор, рӯзгоре мутафовит аз рӯзгори дигарон, ҳаёте пуросоиш ва пурайшу тараб бо онҳо бошад, аммо бехабар аз он ки бо чунин фаҳмиш расидан ба «биҳишт»-и мутлақ ғайриимкон аст. Инҳо намедонанд, ки даст ёфтан ба ин гуна рӯзгор бо сарсупурдагӣ, дилдодагӣ ва садоқати бемисл ба Ватан, ранҷу заҳмат барои Ватан ва кам шудану ғам хӯрдан ба Ватан имконпазир аст. Инҳо қобили дарк нестанд, ки бо ин шеваи ифротандешиву ифротгарӣ ҳаёти аҳли ҷомеа ва худу наздикон дар хатар хоҳад буд. Аз сабаби он ки зуҳуроти ифроту ифротгарӣ ба тоҷикон нав ва ҷараёни воридшуда ё ба истилоҳ «оварда» аст, ҳаллу фасли ин амр дар ҷомеаи мо мушкиле фаровон дорад.
Ин шеваи андешаи равандагони норости зиндагӣ – ифротгарон боиси падид омадани силсилаи фоҷиаҳои ҳангуфт ва гӯшношунид дар ҷомеаи имрӯз гардида ва таваҷҷӯҳи бевосита ва ҳарчи бештари ниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба ин амали нангину фоҷиабор ва эълон кардани мубориза ба зидди ифротгароӣ низ баста ба ин масъалаи ҳаётан муҳиму мубрам дорад. Ҳукумати Тоҷикистон хеле хуб ва равшану усулӣ дарк кардааст, ки мубориза бар ин амали нохушоянди ҷомеаи башарӣ ва решакан кардани он бо ҳама мушкилоти рӯҳиву равонӣ ва ҷисмониаш барои аз ноамнӣ баровардани кишварҳои дунё ва ҳаллу фасли силсилаи муаммоҳои зарурӣ муосидат хоҳад кард. Ин кӯшишу ибтикор мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро бамаротиб афзуда, симои воқеии онро дар пеши чашми ҷомеаҳои мутамаддини башарӣ баланд хоҳад бардошт.
Ба назари мо, яке аз сабабҳои боз ҳам асосии дар чоркӯчаи бунбаст қарор гирифтани тафаккури ифротравон дарк накардани моҳияти идеяи миллии тоҷикӣ аст, ки дар роҳи бебозгашти исботи ҳастии бақои миллат реша ёфтани зуҳуроти ифротгароии динӣ ва пазируфтани арзишҳои мазҳабии бегонаро куллан инкор мекунад. Барои расидан ба ин ҳадаф дар тамоми зинаҳои таълим – аз ибтидоӣ то олӣ тарбияву парвариши насли рӯҳану маънаван солим ва вусъат додани донишомӯзиши амиқи муттако ба таърих ва илму фарҳанги миллӣ хеле муҳим маҳсуб шуда, чунин амр заминаи асосии ташаккули шахсияти рӯшани меҳанпараст ва парвариши насли воқеии ватандӯст хоҳад гардид. Огаҳӣ ва баҳрамандии амиқ аз таъриху фарҳанги миллӣ ва садоқати азалӣ ба мафкураи миллии тоҷикӣ имкон намедиҳад, ки дар миёни тоҷикони таърихан фарҳангоин ва маънавиятсиришт ҳамандешони ифротгаро ва ба арзишҳои фарҳангии миллат бепарво ба воя расанд, ки ба рушди воқеии ҷомеаи мутамаддин халал меоваранд.
Баҳрамандӣ аз дониши пурбори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ имкон намедиҳад, ки моҳияти суханони сиёсатмадори бузурги гузашта Куруши Кабирро дар Эъломияи маъруфи ӯ фаромӯш намоем. Куруши Кабир зимни арзёбии шеваи раҳбарӣ ва раҳнамоии худ ба нуктаи хеле ҷолиб ишора кардааст, ки омӯзишу баҳрамандӣ аз он дар роҳи пешгирӣ аз ифротгароӣ хеле муфид аст. Куруш менависад, ки «вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони Ғарб хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул ба пойгоҳи ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Хамаи худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоеро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном дорад, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».1
Чанд сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳаётан муҳими ифротгароӣ дар муборизаи беамон қарор дорад ва дар силсилаи асноди расмӣ, рисолаву мақолаҳо, гузоришу суханрониҳо ва мулоқотҳои сатҳи байналмилаливу дохилии Пешвои миллати тоҷик масъалаи мубориза ба ифротгароӣ мавқеи устувор ва ҷиддӣ пайдо кардааст. Дар ин санадҳои муҳим оид ба мавқеи кишвар дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳифзи сулҳ ва амнияти минтақа, масоили ҳалталаби ифротгароӣ, экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ хеле ҷиддӣ ва усулӣ сухан ба миён гузошта шудааст. Аз ҷумла, дар ин робита вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои дигар – Ироқу Сурия ва Яман низ дар чашмандози Пешвои миллии мо ҳамчун фишанги мубориза бо амали ифротгароӣ борҳо мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор гирифтааст.
Мушоҳидаҳои Пешвои миллат имрӯз ба равшанӣ ин натиҷаро ба зеҳни мо мерасонад, ки ба миллати тоҷик ифротандешиву ифротгароӣ ҳаргиз хос набуду нест. Аз ин сабаб, ба созмону иттиҳодияҳои ифротию тундгаро пайвастани иддае аз ҷавонон маҳсули сатҳи пасти маърифати сиёсӣ, заъфи худшиносии миллӣ ва ноогоҳии динист, ки пушаймонӣ ба бор хоҳад оварду халос.
Аз асари арзишманди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ба ин бардошти муҳим бармехӯрем: «Тоҷикон, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ бисёр давраҳои печидаву мушкилро пушти сар кардаанд, дар ҳамаи давру замон аз таҳаммулгароӣ ва маслиҳату муколама кор гирифта, борҳо собит сохтаанд, ки бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоту низоъҳо ва ба ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбиниву ақидаҳои мухталиф метавонад на танҳо сабабгори фасоди ахлоқ ва халалдор гардидани фарҳангу тамаддунҳо, балки шикасти давлатҳо низ гардад».
Ин гуна арзёбиҳо ва натиҷагириҳо кишвари моро ба андешидани силсилаи чорабиниҳои муҳиме водоштанд. Аз ҷумла, конфронси илмии байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аҳамияти мубрами ин мавзӯъро бори дигар дар чашми аҳли башар ва ҷомеаҳои башарӣ ба таври равшан ошкор кард. Ин тадбири муфид ҳамкории кишварҳоро дар тамоми сохторҳо ва соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мусбат арзёбӣ карда, ҷонибдори ростин ва ҳавасманди беминнати густариши равобити гуногунҷанбаи сиёсӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исбот гардид.
Суханронии Пешвои миллат дар ин конфронс барномаи яклухт ва томравои роҳи рушди раҳоӣ аз бӯҳрони ифротгароӣ маҳсуб ёфта, дар он бо таҳлилу нақд ва баррасии вазъи ногувори ифротгароӣ дар ҷомеаҳои башарӣ масъалаи дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа пурзӯр шудани ҳамкории шарикӣ бо мақсади таъмини сулҳу субот ва амнияти фарогир ба воситаи андешидану чорасоз кардани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо чун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок хеле муҳим арзёбӣ шудааст. Дар ин суханронӣ «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир…, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ» ба шумор омадааст.2
Дар ин суханронӣ силсилаи масоили мубраме, аз қабили мавриди хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъ қарор гирифтани мардуми сайёра, ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани зуҳуроти ифротгароӣ ва оқибати фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву маънавии он, пурзӯр кардани ҳамкориву шарикӣ дар таъмини суботу амнияти фарогир бо назардошти андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо чун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок, нақши калидии созмонҳои байналмилалӣ дар вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни ифротгароӣ, асоси муборизаи муштарак бо ифротгароӣ қарор гирифтани Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба набард алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Маҷмаи Умумӣ ва даҳҳо дигар нуктаҳо бо диди хос баррасӣ шудаанд.
Дар кори конфронс Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар ширкат дошт ва дар мавзӯи муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез суханронии ҷолиби таваҷҷӯҳе ироа кард. Ин суханронӣ хеле усулӣ буда, бо бардошт аз равандҳои ҷомеаи башарӣ ироа шудааст. Суханрон дар баррасии мавзӯи мазкур ба паҳлӯҳои хеле ҷолиби таваҷҷӯҳ ишора намуда, бори дигар нақши Тоҷикистонро дар ҳаллу фасл ва тадбирҷӯии ин қазия муҳиму мондагор арзёбӣ кард. Мавсуф қаблан ҷомеаҳои ҷаҳониро аз таҳдиди ифротгароӣ ва аҳамияти хоси байналмилалии мубориза бар зидди он ҳушдор дод: «Афзоиши таҳдиди ин вирус ба ҳаёт ва арзишҳои мо чунон аст, ки ин ҷамъомад қариб дар тамоми ҷаҳон муҳим маҳсуб мешавад».3
Сипас гузоришгари Ҳиндустон аз нақши калидии кишвари мо дар ҳалли ин қазияи ҳаётан муҳим ишора кард: «Тоҷикистон бомуваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи терроризмро барҳам дод ва ин корро дар даврае, ки яке аз даҳсолаҳои хатарноктарин мешуморам, ба анҷом расонид».4
Номбурда бо қоил шудани баҳои баланд ба мақоми кишвари мо ва эътирофи мавқеи байналмилалии он дар қазияи ифротгароӣ ҷанбаҳои мухталифи мавзӯъ, омилҳои паҳншавии ифротгароӣ ва дасти пурқуввати қувваҳои тавонмандро дар устувор шудани пояҳои ифротгароии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ карда, аз ҷумла ин хулосаро ба мо расонид: «Манфиатҳои пурқувват, ки аксар вақт аз ҷониби давлат пуштибонӣ меёфтанд, барои омӯзишҳо ва гурӯҳҳое ба монанди «Толибон», «Ал-Қоида» ва филиалҳо, барои паҳн кардани бесарусомонӣ дар минтақаҳои мавриди ҳадаф сафарбар карда мешуданд. Тоҷикистон, ки бо чолиши худ рӯ ба рӯ шуда буд, ба ном Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки миёни он ҳизби наҳзат буд, истило кард. Мо бояд маънои ин дастовардро эътироф ва дарк намоем. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро, ки метавонист тамоми Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳри Каспию Сиёҳ ва Левантеву Ироқ мепайваст, гирифт. Ман нозукписанд нестам. Таърих моро сабақи ҷиддӣ меомӯзад: вақте ки ягон чизе ғалат меравад, метавонад аз назорат барояд».5
Аз он ҷо, ки вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон равиши Тоҷикистонро дар ин ҷодаи хавфовар бидуни ғалату иштибоҳ ба шумор оварда, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, «қудрати қувваҳои амниятии ӯ ва рӯҳияи мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда, ки талафоти зиёд диданд»6, табрик менамояд.
Сиёсатмадори Ҳиндустон ба сифати равандшиноси воқеии моҳияти равандҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони дирӯз ва имрӯз бо нигоҳи ҷиддӣ ва бо такя ба таҷрибаҳои ҷангҳои пешин ба мушкилоти аз байн бурдани муноқишаҳо ишора карда, таъсири манфии пайдоиши гурӯҳҳои нави пешоҳанг ва муташаккилро ба ҷомеаи башар гӯшрас намуд: «Гирдбоди ин муноқишаи ҷаҳонӣ Афғонистон, ки мардуми он ҳамарӯза далерии қаҳрамонона дар воқеаи баъди ҳодисаҳои доимӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна онҳо бо душмане, ки аз ҷониби роҳбаронашон дастгирӣ ва паноҳгоҳ меёбанд, дар муборизаҳои беамон мубориза мебаранд, боқӣ мемонад. Дунё бояд касонеро ҷонибдорӣ намояд, ки бо хуни худ онро муҳофизат мекунанд»7.
Нуктаи дигар дар назариёти Ҷаноби Шрӣ М. Ҷ. Акбар таснифоти ҷанбаи сегона дар чигунагии ҷанги дарозмуддат ва мушкилоти ҳаллу фасли муаммоҳои терроризм хеле ҷолиби диққатанд ва дар ҳалли қазия ба тамоми кишварҳо муфиду созгоранд. Аз ҷумла, дар шарҳи ҷанбаи аввал барҳақ сафарбар шудани хадамоти амнияти ҳар ҳукумати ҳуқуқбунёд дар ин самт ба ҳадди қобил таъкид шудааст. Ҷанбаи дувумро мунаққиди дурбини сиёсӣ нозуктар аз ҳама дониста, онро «майдони ҷанг дар шуур» таъбир мекунад, ки «дар он тухми ифротгаро шудан бо инкори зиёд аз ҷониби шахсони ба гумроҳӣ оваранда, ки худро чун роҳбар мешуморанд, кошта мешавад». Аз ин рӯ, таҳлилгар қотеона тақозо дорад, ки «бояд ба ин ҷонибдорони миссияҳои худкушӣ ва ҳимоятгарони бесарусомонӣ бо далерии эътиқодамон ҷавоб диҳем. Канорагирӣ, гузашт ва ҳатто овози паст танҳо терроризмро бардурӯғ сафед мекунанд».
Мақомдори соҳибназари ҳукумати Ҳиндустон ба равшан кардани ин нукта даст ёфт, ки «кишвари мо ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит чун ташкилоти террористӣ манъ кард». Ин қарори Тоҷикистон, бидуни шубҳа, «вокуниши диалектикӣ» муаррифӣ шуд. Аз ин нуқтаи назар номбурда мафҳуми «наҳзат»-ро ҳам сохтаву пардохта медонад ва ҳамчун мусулмон, ки ба таваллуди Ислом бовар дорад, тавлиди ҳизби наҳзатро аз Худованд ва наҳзати қалбакиро кору хаёли мардуми гумроҳ ба шумор меоварад: «Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд. Худованд Исломро ба эътимоди плюрализм табдил дод… роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд»8.
Дар шарҳи ҷанбаи севуми қазияи ифротгароӣ, ки ба авомили иқтисодӣ марбут аст, нуктаҳои боз ҳам ҷолибтар пеш гузошта шудаанд. Мавсуф ба ниёзҳо ва кӯшишҳои ҷавонон аз диди равонтаҳлилӣ таваҷҷӯҳ мекунад ва ин хулосаро ба мо мерасонад, ки «кӯшиши марказии ҷавонон дар асри 21 некӯаҳволии баробар мебошад. Агар баробарии иқтисодӣ набошад, бояд ҳадди ақал адолати иқтисодӣ бошад. Ин ҷавоби дақиқ ба радикализатсия аст». Дар ин изҳори назар моҳияти суханони сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модиро ҷой ёфтааст, ки мегӯяд: «Якҷо мемонем ва якҷо рушд мекунем»9.
Ҳамин тавр, дар бардошти сиёсатмадори ҳиндӣ таҷрибаи кории Тоҷикистон дар заминаи муқовимат алайҳи ифротгароии хушунатомез хеле ҷолиби диққат аст ва тибқи ин бардошт тарроҳони тоҷикистонии модели муқовимат «дар фикру рафтори худ равшании намунавӣ нишон доданд». Чунон ки дида мешавад, пешниҳодҳои вазири давлатии корҳои хориҷии кишвари Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар амали нобуд кардани «терроризми фаросарҳадӣ» хеле муҳиманд…
Аз таҳлили ин мавод ба натиҷаи зиёде метавон расид. Аз ҷумла, фарзандони ифротрав бояд ба тамомияти фикрии мардуми Тоҷикистон, ободии қаламрави тоҷикон, тинҷиву осоиши мардум ва болорафти тадриҷии сатҳи зиндагии онон эътимоди қавӣ намоянд. Инҳо бояд тобу тавони созандагиро шеваи аслӣ ва амри зарурии пешрафти тадриҷии кишвар ба шумор оваранд.
Ваҳдати миллӣ омили созандаву устувори иттиҳоди миллати тоҷик аст, ки бо баҳрамандӣ ва шинохти арзишҳои куллии ҷаҳонӣ фароҳам меояд. Ваҳдат ҳамеша ва дар ҳар маврид таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ боқӣ монда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистқилол бояд мусоидат кунад. Имрӯз эҳсоси амиқи ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ дар шуури тоҷик маъво ёфтааст, аз ин рӯ, бояд созиш, созандагӣ ва ободкорӣ ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҳар як ватанпарвари асил қарор гирад, ки дастовардҳояш бо суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ иртиботи хос дорад. Ҳаргиз мумкин нест, ки бо пайвастан ба ифротгарӣ ва ифротгароён ба ҷомеаҳои башарӣ мо ранги хираи худамонро намоён кунем. Ба назари мо, ин амал шармандагӣ дар назди наслҳои оянда аст. Талоши беҳадаф чизе нахоҳад дод, ҳаргиз ба обрӯи миллӣ нахоҳад афзуд!...
Зуҳуроти фарҳанги баландпоя ҳамеша бо Ватан будан аст. Дарки асли масъала ва дарёфти калиди ҳаллу фасли солими муаммои сангину пурихтилофи ифротгароӣ дар чорчӯбаи қонунҳои кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба шароити замониву маконӣ боз ҳам ҳарчи бештар моро дар як марҳалаи хоси ҳамфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа қарор хоҳад дод…
Субҳони Аъзадзод - устоди факултети филологияи тоҷик